Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии газ «Осиёи Марказӣ - Чин»

13.09.2014 17:21, ноҳияи Рӯдакӣ

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин!
Ҳозирини гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Имрӯз мо шоҳиди воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва таърихӣ – маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Чин» дар қаламрави Тоҷикистон мебошем.

Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Чин» як сол қабл дар доираи мулоқоти расмии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида буд.

Баъдан ҷонибҳо ба таври иловагӣ созишномаро дар бораи ҷаласаи саҳҳомон имзо намуда, ойинномаи ширкати муштаракро тасдиқ карданд. Созишномаи дуҷонибае, ки имрӯз ба имзо расид, масъалаҳои асосии сохтмон ва истифодаи лӯлаи газро муайян менамояд. Метавон гуфт, ки дар зарфи як соли гузашта кори муваффақонаву созандаи қарордодиву ҳуқуқие ба иҷро расид, ки дар ҷараёни он манфиатҳои ҷонибҳо комилан ба инобат гирифта шудаанд ва вуқӯи маросими имрӯзаи оғози сохтмони лӯлаи гази дорои аҳамияти стратегӣ имконпазир гардид.

Ин лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Чин» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст.

Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад.

Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди кишвари мо се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳа дар қаламрави кишвари мо дар маҷмӯъ 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ба буҷети давлат даромади зиёд ворид хоҳад шуд.

Дӯстони азиз!

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дурнамои гуногунҷабҳа ва пурвусъат доранд. Бо дарназардошти ин дурнамо, Барномаи фарогири ҳамкории байни ду кишвар барои панҷ соли минбаъда таҳия гардид, ки мо имрӯз онро дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Тоҷикистон қабул намудем.

Тоҷикистон имрӯз, ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти содиқ ва шарики боэътимод, бори дигар манфиатдории амиқи худро дар рушди муштараку ҳамқадам бо кишвари бузурги Чин нишон дод.

Ин саҳми воқеии мо дар таъмини субот, рушди мутавозин ва ободии Осиё мебошад ва ифодаи возеҳи татбиқи амалии шиори «Ҳамкорӣ ва рушду ободии муштарак» мегардад, ки раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳти он сурат гирифт.

Мо мақсад дорем, ки бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардумамон бо Ҳукумат ва доираҳои соҳибкории Чин ҳамкории зичи дарозмуҳлатро идома диҳем.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин мо шабакаи ягонаи миллии энергетикиро бунёд намудем. Дар ояндаи наздик муҳим медонем, ки талошҳои якҷояи мо дар мавриди беҳсозии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи технологияҳои «сабз» мутамарказ гардонида шаванд.

Мо умед дорем, ки Корпоратсияи миллии гази Чин дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ дар ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи газ муваффақ мегардад. Пешгӯии коршиносони мустақил аз он дарак медиҳад, ки дар қаъри замини кишвари мо захираҳои бузурги саноатии газу нафт маҳфузанд.

Як нукта возеҳ ва баҳснопазир аст, ки ягон кишвари олам дар шароити камбуди ҷиддии барқ ба таври муътадил рушд карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳалли ин масъалаҳо на фақат барои таҳкими истиқлолу соҳибихтиёрии Тоҷикистон, балки барои пешрафти босуботи иқтисодии тамоми минтақа аҳаммияти бузург дорад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи даҳ соли охир ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон босуръат ва мунтазам тавсеа меёбад. Муомилоти молии дуҷониба ҳанӯз се сол қабл ба сатҳи ду миллиард доллари амрикоӣ расида буд.

Ин комёбиҳоро мо натиҷаи таваҷҷуҳи бузурге медонем, ки роҳбарияти Чин ба таъмиқу тавсеаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи мардуми Тоҷикистон бори дигар ба Шумо, ҷаноби Раис ва Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мардуми кишвари ба мо дӯсти Чин барои пуштибонии Тоҷикистон ва мадади беғаразона ба мардуми он сидқан арзи сипос менамоям.

Дар фарҷоми суханронӣ мехостам ба фаъолияти ширкати муштараки Тоҷикистону Чин оид ба сохтмон ва истифодаи лӯлаи газ барори кор орзу намоям.

Зиндаву поянда бод муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520