Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

15.09.2014 10:38, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, саривақт ва босифат анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки майдони кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ бояд афзун карда шавад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520