Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.01.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 10 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

 Дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи Вазорати энергетика ва саноати кишвар, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" дар бораи фаъолияти онҳо оид ба омодагии сохторҳои дахлдори системаи энергетикии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 шунида шуд.

 Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт дар ҷумҳурӣ 617 нуқтаи фурӯши ангишт ва 265 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил карда шуд. Истеҳсоли ангишт дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 ба андозаи 60 ҳазор тонна афзоиш ёфт. Истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ ва истихроҷи нафт низ афзун гашт, вале нақшаи истихроҷи гази табиӣ танҳо дар ҳаҷми 87% иҷро шуд.

 Таъкид гардид, ки дар маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 151 миллион кВт. соат нерӯи барқ ва 188 ҳазор гекакалория гармӣ зиёд истеҳсол карда шуд.

 Ҷиҳати кам кардани талафоти барқ ва гази табиӣ дар соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ 9180 ҳисобкунакҳои барқӣ ва 42292 ҳисобкунакҳои газӣ насб карда шудаанд. Дар натиҷаи ин имрӯз 99% истифодабарандагони барқ ва 83% истифодабарандагони гази табиӣ бо ҳисобкунакҳо таъмин гаштаанд.

 Бояд хотиррасон намуд, ки ҷиҳати омодагии ҷиддӣ дидан ба зимистон дар моҳҳои май ва ноябри соли 2007 ду маротиба қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гашта буд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2007 ҳанӯз аз аввали тобистон чандин маротиб дар рафти ҷаласаҳои Ҳукумат, машварату мулоқотҳо ва зимни сафарҳои дохилии худ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаю корхонаҳо ва мардуми кишварро огоҳ намуда буд, ки зимистони имсола хеле сард мешавад ва таъкид карда буд, ки барои зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

 Дар воқеъ имрӯз мардуми Тоҷикистон ба ҳолатҳои вазнини пешгӯикардаи роҳбари давлатамон рӯ ба рӯ омадааст. Чунонки воқеъият нишон медиҳад имрӯз натанҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Ховари Наздик ва бисёр давлатҳои дигар манотиқи ҷаҳон низ бо сардиҳои гушношунид ва мушкилоти энергетикӣ, аз ҷумла норасоии нерӯи барқ гирифтор мебошанд.

 Мутобиқи гузориши масъулон сатҳи оби обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам гашта, ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш ҳамагӣ 49 метри мукаабро ташкил медиҳад. Оби маҷрои дарёи Вахш нисбат ба солҳои гузашта се баробар кам аст ва чунин ҳолат бори аввал ба мушоҳида мерасад.

 Бо назардошти сардиҳои сахти ҳаво ва мушкилоти ба он алоқаманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори марказҳои истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон, тақсимоти баробар ва одилони нерӯи барқ ба аҳолӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқу гази табиӣ ва кам кардани талафоти аз меъёр зиёди барқу газ ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат, раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва ҳамаи масъулони дигари дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳаҷми шабонарӯзии нерӯи барқ ба аҳолии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кам намудани истеъмоли Ширкати алюминийи тоҷик 1 миллион кВт.соат зиёд карда шавад.

 Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои тадбирҳои судбахши зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

 Яке аз масъалаҳои асосии дигари ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат муҳокимаи фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва сохторҳои он доир ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ буд.

 Фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва сохторҳои он бобати иҷрои супоришҳо дар бораи таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои элита ва суперэлита, ниҳолҳои кӯчатшаванда, таъмини фаъолияти илман асосноки соҳаи кишоварзӣ ва умуман ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ғайриқаноатбахш шумурда шуд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти илмӣ ва дар истеҳсолот истифода намудани дастовардҳои илми кишоварзӣ ва ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз нав дида баромада шавад.

 Дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

 Як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Озарбойҷон ва Қазоқистону Туркманистон ва санадҳои ҳамгироии байни кишварҳои аъзои ИДМ тасдиқ карда шуд.

 Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро бори дигар ба масоили мубрами зимистонгузаронӣ ва ҷоннок намудани корҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҷалб намуда, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520