Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2007-ум ва вазифаҳо барои соли 2008

26.01.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Муддати ду рӯз аст, ки мо ҳисоботи ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шунидем.

Тавре ки шумо медонед, мо соли 2007-умро соли оғози марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ эълон карда будем.

Дар ин марҳала такмили минбаъдаи идоракунии иқтисодӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро вазифаи муҳим шуморида, дар давоми солҳои пешин барои ташаккули низоми самараноки рушди иқтисоди миллӣ мутобиқи талаботи иқтисоди бозорӣ заминаи устувор гузоштем.

Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2007-2009 қабул намудем, ки ҳадафи асосӣ аз онҳо то соли 2015-ум дуюним маротиба афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар кас ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои вобаста ба татбиқи ин стратегияҳо Шӯрои миллии рушди назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳо дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд, ки он пеш аз ҳама дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, гардиши савдои хориҷӣ, баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо ифода меёбад.

Чунон ки аз ҳисоботи роҳбарони зинаҳои гуногун дида мешавад, мо дар давоми соли гузашта ба як қатор дастовардҳои иқтисодӣ ноил шудем, вале онҳо ҳанӯз талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонанд.

Бинобар ин, мехостам ҳоло таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаҳои рӯзмарраи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷалб намоям.

Зеро таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии пешбинигардида ва сатҳу сифати зиндагии мардум дар назди ҳамаи мо вазифаи беш аз пеш фаъол гардонидани тамоми самтҳои рушди иқтисодиёт, муайян намудан ва самарабахш истифода кардани захираву имкониятҳо, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ислоҳи камбудиву норасоиҳоро мегузорад.

Бояд гуфт, ки ба афзоиши бештари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъзе монеаҳо, хусусан паст будани сатҳи истеҳсолот ва сифати маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, махсусан аз пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин сатҳи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Соли гузашта сатҳи таваррум дар сатҳи муайяншудаи 8 фоиз нигоҳ дошта нашуд ва он 19,7 фоизро ташкил кард.

Барои муайян намудани сабабҳои асосии баландравии сатҳи таваррум мақомоти дахлдори марказӣ таҳлилҳо гузаронида, омилҳои берунаро ҳамчун сабаби асосӣ таъкид намуданд. Ҳарчанд ки ба ин нишондиҳанда омилҳои дохилӣ низ таъсири зиёд доштанд.

Қайд кардан лозим аст, ки сарфи назар аз ин таҳлилҳо сатҳи таваррум инъикоскунандаи сифати фаъолияти Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, инчунин Бонки миллӣ мебошад.

Чунки баландшавии нархи маҳсулот боиси паст рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва пеш аз ҳама бад шудани шароити зисти табақаҳои камбизоати аҳолӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои зикршуда бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки тамоюлҳои бозори ҷаҳониро омӯзанд, онҳоро дар дурнамову барномаҳои иқтисодии кишвар ба инобат гиранд ва иқтисоди кишварро бо ин тамоюлҳо мутобиқ гардонида, диверсификатсияи истеҳсолотро ба таври воқеӣ ба роҳ монанд.

Мақомоти мазкур ҳамчунин вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳолати таъсири ғайричашмдошти омилҳои берунӣ бо истифодаи фаврӣ аз фишангҳои иқтисодӣ нархҳои қобили қабули молу маҳсулоти ниёзи мардумро таъмин намоянд.

Ғайр аз ин, ҷиҳати паст кардани сатҳи таваррум афзоиши маҳсулоти истеҳсоли ватаниро таъмин кардан зарур аст.

Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Бонки миллиро лозим аст, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҳарчи зудтар Нақшаи чорабиниҳои боздоштани сатҳи таваррумро таҳия ва амалӣ намоянд.

Сарфи назар аз афзоиши гардиши савдои хориҷӣ масъалаҳои кам будани ҳаҷми содироти молу маҳсулот, фарқи манфии байни содироту воридот, ки аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ 25 фоизро ташкил карда, ба тавозуни пардохти кишвар таъсири манфӣ расонида истодааст, боиси нигаронӣ мебошад.

Илова бар ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани болоравии нархи молҳои истеъмолӣ, махсусан маҳсулоти озуқа, инчунин тарифҳои хизматрасонӣ ва ба эътидол овардани тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ бояд вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Бонки миллӣ якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зеринро амалӣ намоянд:

- ҳамасола зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои ғанӣ гардондани захираҳои давлатӣ;

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таҷдиди истеҳсолоти кишоварзӣ бо дарназардошти вазъи бозори истеъмолии кишвар ва пешниҳоду талабот дар бозори ҷаҳонӣ;

- дигаргунсозии сохтори истеҳсолот бо мақсади суръатбахшӣ ба рушди соҳаҳои коркарди ашёи хом ва ташкилоту корхонаҳои содиркунандаи маҳсулот;

- тезонидани ҷараёни дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳимояи бозори дохилӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати берунӣ.

Дар соли 2008 сиёсати иқтисодии кишвар ба амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида мешавад.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бояд дар соли 2008 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ на камтар аз 7 фоиз таъмин гардида, меъёри таваррум ба андозаи 8 фоиз нигоҳ дошта шавад.

Ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мо бояд пеш аз ҳама афзоиши истеҳсол ва коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми саноатӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои нави қарздиҳӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти босуръати соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро таъмин намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ пурра таъмин гардида, нақшаи солонаи даромадҳои умумӣ ва воридоти андозҳо 112 фоиз иҷро гардид.

Даромади буҷети соли 2007-ум дар муқоиса бо соли 2002-ум чоруним маротиба ва нисбат ба соли 2000-ум қариб даҳ маротиба афзудааст.

Қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 99 фоизи нақша иҷро карда шуд.

Нақшаҳои солонаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои онҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ пурра таъмин карда шуданд. Вале дар вилояти Хатлон як намуди андоз ва ноҳияҳои алоҳидаи он, аз ҷумла Вахш, Бохтар, Ҷиликӯл, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритус иҷрои нақшаи солонаи буҷетҳои маҳаллӣ таъмин нагардид.

Сол то сол афзудани бақияпулиҳои андоз, яъне қарздорӣ аз пардохти давлатӣ ҳанӯз ҳам масъалаи хеле ташвишовар аст. Ҳаҷми умумии он то охири соли 2007-ум ба 384 миллион сомонӣ баробар шуда, дар давоми сол ин маблағ боз 70 миллион сомонӣ афзудааст. Дар муқоиса бо соли 2005-ум ҳаҷми умумии бақияпулиҳо дуюним маротиба зиёд шудааст.

Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук бояд вобаста ба ҳалли масъалаи бақияпулиҳои андоз дар соли 2008 тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷараёни иҷрои он ҳар семоҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Таъкид месозам, ки вобаста ба иҷрои нақшаи баъзе намудҳои андоз ҳанӯз низоми пешбинӣ кардани ҳаҷми даромади буҷет номукаммал буда, захираву имкониятҳои ҷамъоварии андоз пурра ба назар гирифта нашудаанд.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ба масъалаҳои зикршуда диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, нақшаҳои намудҳои андозро таҷдиди назар кунанд ва доир ба роҳҳои иҷрои онҳо пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Соли 2008-ум қисми даромади Буҷети давлатӣ ба 4 миллиарду 480 миллион сомонӣ мерасад, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2007-ум 40 фоиз зиёд аст.

Барои таъмини рушди босуръати соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар буҷети соли 2008 афзалият дода шудааст.

Дар ин замина мо бояд ба раванди сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург тақвият бахшида, азнавсозии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалиро таъмин намоем.

Соли ҷорӣ барои пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ ё 40 фоизи ҳаҷми умумии буҷет равона карда мешавад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки буҷети соли 2008-ум бояд ба бунёдкориву созандагӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Бо ин мақсад барои маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ ва инфраструктураи иҷтимоӣ 563 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2007 беш аз ду маротиба зиёд мебошад.

Инчунин дар буҷети имсола ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Бо дарназардошти хароҷоти хоҷагиҳои манзиливу коммуналӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Зарурати таъмини шаффофият ва такмили низоми хароҷоти маблағҳои буҷетӣ тақозо менамояд, ки Вазорати молия дар масъалаи гузаштан ба меъёрҳои байналмилалии муҳосибот тадбирҳои дахлдор андешида, аз рафти иҷрои онҳо ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Дар афзун гардонидани иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти калон дорад.

Ҳоло дар мамлакатамон дар маҷмӯъ 53 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки бо ҷалби маблағҳои имтиёзноки институтҳои молиявӣ ва кишварҳои кӯмакрасон амалӣ мешаванд, мавриди татбиқ қарор доранд.

Маблағи умумии онҳо 4 миллиарду 740 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи татбиқи онҳо танҳо соли гузашта 1 миллиарду 160 миллион сомонӣ азхуд гардид.

Бо вуҷуди ин, дар раванди татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ то ҳол як қатор камбудиҳо, аз ҷумла сари вақт аз худ нагардидани маблағҳо, сифати начандон хуби корҳои иҷрошаванда, ба таври зарурӣ ба роҳ намондани ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷой доранд.

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зарур аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар соли 2007-ум ба иқтисодиёти кишвар 1 миллиарду 670 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2006-ум 25 фоиз зиёд буда, асосан ба соҳаҳои энергетика, саноат ва алоқа равона карда шудаанд.

Барои боз ҳам беҳтар кардани муҳити инвеститсионии кишвар ва таъмини дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ созмон дода шуд, ки рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Ҳоло дар кишвар 72 корхона ба қайд гирифта шудааст, ки бо ҳиссаи давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунад.

Вале, бинобар суст будани назорати мақомоти дахлдор аксари ин корхонаҳо кӯшиш менамоянд, ки фаъолияти молиявии худро бо зарар ҷамъбаст карда, содироти маҳсулоти истеҳсолшударо бо нархҳои паст нишон диҳанд ва бо гирифтани қарзҳои беасос фоидаи саҳми Тоҷикистонро пардохт накунанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ то ҳол аз ҳисоби саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи корхонаҳои мазкур фоида гирифта нашудааст.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф намудани ин камбудиҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти қонунгузории ҷориро татбиқ намоянд ва дар ҳолати зарурӣ доир ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба асноди қонунгузорӣ пешниҳодоти мушаххас манзур созанд.

Инчунин бояд таъкид шавад, ки дар давоми 5 соли охир аз 485 корхонаи муштараки дар Вазорати адлия ба қайд гирифташуда танҳо 163 корхона ба Кумитаи давлатии омор ҳисобот пешниҳод кардааст.

Бо дарназардоршти чунин вазъ ба вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки даромаднокии фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои дорои сармоягузориҳои хориҷиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин Кумитаи давлатии омор вазифадор карда мешавад, ки баҳисобгирии дақиқи корхонаҳои дорои сармоягузории хориҷиро мувофиқи минтақаҳо, соҳаҳо ва шаклҳои сармоягузорӣ ба роҳ монад.

Мо борҳо таъкид кардаем, ки пешрафти иқтисоди миллӣ аз рушди соҳибкорӣ вобаста аст.

Охири соли гузашта мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон баргузор гардида, пешниҳоду дархостҳои онҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо соҳибкорон бармеоянд ва пешниҳоду мулоҳизоти соҳибкорон ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда маҷмӯи чорабиниҳо қабул гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вазорату идораҳои далхдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид месозам, ки иҷрои ҳатмию саривақтии дастуру супоришҳои додашударо таъмин намоянд.

Дар баробари ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо механизми рушди минбаъдаи соҳибкориро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ воситаи муҳими ҷалби инвеститсияҳо, воридоти технологияҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудудҳои алоҳидаи кишвар ва рушди иқтисодии онҳо мебошад.

Барои истифодаи самарабахши ин имконияти афзалиятноки иқтисоди бозорӣ мо ҳанӯз соли 2004-ум қонун қабул карда будем, вале дар ин самт то имрӯз пешравии назаррас дида намешавад.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои дахлдор ва вилоятҳо супориш дода мешавад, ки ташкили чунин минтақаҳоро таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои корҳо мунтазам ба Ҳукумат ахборот диҳанд.

Мо хуб медонем, ки яке аз мушкилоти инкишофи иқтисодиёт, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ нарасидани захираҳои энергетикӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ва бо дарки аҳамияти ҳаётии масъала таъмини истиқлолияти энергетикии кишварро ҳадафи асосии худ қарор додаем.

Дар роҳи татбиқи он ҳоло сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла "Лолазор-Хатлон" ва "Ҷануб-Шимол"-ро босуръат идома дода истодаем. Чанд рӯз пеш агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ба истифода дода шуд, сохтмони нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-2" ва "Роғун" идома дорад.

Ҷиҳати истифодаи пурраи ҳамаи имкониятҳои мавҷуда барои таъмини аҳолӣ бо барқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020 қабул гардида, амалӣ шуда истодааст.

Ҳарчанд ки дар доираи татбиқи ин барнома дар ду соли охир 9 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шудааст, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барқи Тоҷик" зарур аст, ки якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои барномаи мазкурро суръат бахшанд ва рафти татбиқи он соли ҷорӣ дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад.

Барномаҳои азнавсозӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум ва силсилаи нерӯгоҳҳои Вахшу Варзоб, марказҳои барқиву гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон таҳия шуда, барои амалӣ кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Вобаста ба ин, ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати ду сол маркази барқу гармидиҳии Ёвонро дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири истифодаи ангишт таҷдид намуда, иқтидори онро то ба 300 мегаватт расонад.

Инчунин Ширкати "Барқи Тоҷик" истифодаи маркази гармидиҳии шарқии шаҳри Душанберо дар асоси чунин технология ба роҳ монад.

Бо итминон метавон гуфт, ки бо татбиқи нақшаҳои пешбинишуда дар ояндаи наздик проблемаҳои соҳаи энергетикии кишвар бартараф хоҳанд шуд.

Вале имрӯз дар соҳаи энергетика проблемаи истифодаи сарфакорона ва талафоти қувваи барқу газ, инчунин ҷамъоварии маблағи онҳо ташвишовар мебошад.

Дар соли сипаришуда талафоти нерӯи барқ дар кишвар 18 фоиз ва гази табиӣ 15 фоизро ташкил кард. Нақшаи ҷамъоварии маблағҳоро ширкати "Барқи Тоҷик" 96 фоиз ва корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" 88 фоиз иҷро намудаанд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барқи Тоҷик" ва корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" зарур аст, ки ҷамъоварии маблағи қувваи барқ ва гази истифодашударо беш аз пеш вусъат дода, меъёри воқеии талафотро муайян намоянд ва доир ба пешгирӣ кардани талафоти беасос, истифодаи аз меъёр зиёди қувваи барқу гази табиӣ, садамаву ҳодисаҳои нохуши энергетикӣ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоту хатҳои интиқоли онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои истеҳсоли барқ ва гармӣ бояд Вазорати энергетика ва саноат якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаъҳои зеризаминиро барои солҳои 2007-2015 саривақт таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар кишварамон имкониятҳои рушди истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз мувофиқи талабот нест.

Соли гузашта 223 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои калонтарини муштараки Зарафшон, Анзоб ва комбинати маъдани Адрасмон истеҳсоли маҳсулотро кам кардаанд.

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксемент" талаботи иншоотҳои сохтмонии кишварро бо сементи хушсифати ватанӣ пурра таъмин карда натавониста истодааст. Ин корхона нақшаи пешбинишудаи истеҳсоли сементро танҳо 69 фоиз иҷро кардааст.

Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат зарур аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаи барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи "Тоҷиксемент" тадбирҳо андешида, дар масъалаи бо ҷалби сармоягузории хориҷиву дохилӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Данғара ва Шаҳритус ташкил кардани сохтмони корхонаҳои сементбарорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Инчунин вазоратҳои зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи дигари сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди афзудани навъҳои алоҳидаи маҳсулоти саноатӣ мушкилоти ба фурӯш баровардани он то ҳол бартараф карда нашудаанд. Ҳаҷми маҳсулот дар анборҳо сол то сол афзуда, ҳоло маблағи умумии онҳо ба 209 миллион сомонӣ расидааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар соли 2007 низ бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла нахи пахта, пилла, пашм ва пӯст пурра таъмин карда нашуданд.

Бо мақсади коркарди пурраи нахи пахта Ҳукумати Тоҷикистон соли 2007 Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшавандаро барои давраи то соли 2015 қабул кард ва мувофиқи он дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод, Фархор ва шаҳрҳои Ёвону Душанбе бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ сохтмони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ оғоз ёфтанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаи зикршуда, инчунин Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва таъмини фаъолияти мунтазами истеҳсоливу иқтисодии корхонаҳои соҳа бояд тадбирҳои заруриро бетаъхир амалӣ намоянд.

Соҳаи кишоварзӣ воситаи муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум ба ҳисоб меравад.

Тавре ки шумо медонед, солҳои охир иҷрои нишондиҳандаҳои барномавии истеҳсоли пахта дар мамлакат таъмин нашуда истодааст. Ба талаботи имрӯза ҷавоб надодани тарзи маблағгузорӣ, коҳиш ёфтани ҳавасмандии пахтакорон, инчунин паст будани сифати тухмӣ, фарсуда гардидани техника ва системаи обёрӣ сабабҳои асосии паст будани нишондиҳандаҳои соҳаи пахтакорӣ мебошанд.

Сол то сол афзудани қарзи хоҷагиҳои пахтакор ҳамчунин яке аз масъалаҳои душвори соҳаи пахтакорӣ аст. Аз соли 2001-ум то соли 2007-ум қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз сармоягузорон 5 баробар афзудааст.

Бинобар ин, имсол механизми нави маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳадафи асосии гузариш ба механизми нави маблағгузорӣ ҳавасмандсозии деҳқонон ба пахтакорӣ, аз байн бурдани дахолати беасос ба фаъолияти хоҷагиҳои пахтакор ва муомилоти бартерӣ мебошад.

Ба роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дода мешавад, ки дар бораи ҳарчи тезтар амалӣ гардонидани механизми нави маблағгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои тамдиди қарзҳои дохилии хоҷагиҳои пахтакор, муайян намудани тартиби ба гарав мондани сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро таъмин намоянд.

Инчунин ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода мешавад, ки дар баробари ба хоҷагиҳои пахтакорӣ дар асоси сертификати ҳуқуқи истифодаи замин додани қарз роҳҳои дигари амалӣ намудани механизми гаравро дарёфт намоянд.

Яке аз роҳҳои асосии рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ин баланд бардоштани сатҳи механиконии он мебошад. Дар шароити душвори молиявие, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ қарор доранд, ҷорӣ намудани муносибатҳои лизингӣ ба ҳалли масъалаи мазкур бояд мусоидат намояд. Бо мақсади рушди муносибатҳои лизингӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ширкати "Тоҷикагролизинг" ташкил карда шуд.

Ба Вазорати молия зарур аст, ки барои ба роҳ мондани фаъолият ва рушди он ҳар сол ҷудо намудани маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Дар баробари ин, вазорату идораҳои дахлдор дар бораи ҷорӣ кардан ва густариш додани муносибатҳои лизингӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини кишоварзон бо техника, қисмҳои эҳтиётӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва тухмӣ нуқтаҳои фурӯши онҳоро ташкил намоянд.

Илова бар ин, ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ таъмин намоянд.

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва боғдорӣ аҳамияти муҳим доранд. Ҳарчанд ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти асосии соҳаи чорводорӣ афзудааст, вале ин афзоиш ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Соли сипаришуда Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи зотпарвариро барои солҳои 2008-2015 қабул кард ва дар баробари он шабакаи хоҷагиҳои зотпарвар тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Академияи илмҳои кишоварзӣ, институтҳо ва хоҷагиҳои зотпарварию тухмипарварии он баррасӣ гардида, фаъолиятияти онҳо ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд.

Супориш дода шуд, ки сохтори Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ва Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати мутобиқ сохтан ба талаботи истеҳсолот дар мӯҳлати як моҳ такмил дода шавад.

Илова бар ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, хусусан зотпарварӣ, парандапарварӣ, боғдорӣ ва тухмипарварӣ иҷрои барномаҳои қабулгардидаро сари вақт таъмин намоянд.

Дар соли 2007 дар ноҳияҳои мамлакат беш аз ҳазор гектар заминҳои нав азхуд карда шуданд ва имсол бояд мувофиқи нақша зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд карда шаванд.

Яке аз проблемаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ сол то сол бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад.

Гарчанде дар панҷ соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба ин мақсад беш аз 530 миллион сомонӣ маблағ ҷалб шудааст, вале то имрӯз ҳолати мелиоративии қариб 19 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахш аст.

Дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шабакаҳои обёрӣ ва ташкили дурусти таъминоти истифодабарандагони об аз пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ вобаста аст. Аммо қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз идораҳои хоҷагии об то охири соли 2007-ум ба 77 миллион сомонӣ расидааст, ки чунин ҳолат ба таъмир ва барқарорсозии саривақтии шабакаҳои обёрӣ бетаъсир намемонад.

Вобаста ба масъалаҳои зикршуда дар назди вазорату идораҳо вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

1. Ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат зарур аст, ки доир ба рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои муассир андешида, иҷрои пурраи барномаҳои ҳифзи табиат ва беҳтар намудани вазъи экологии кишварро таъмин намояд.

2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бояд ҷамъоварии пурраи ҳаққи хизмати обрасониро таъмин карда, дар хусуси бо ҷалби сармоягузорӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва ҳар сол на камтар аз ҳазор гектар азхуд кардани замини нав чораҳои муассир андешад.

3. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо назорати истифодаи заминро пурзӯр намуда, дар масъалаи тақвият бахшидани ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳамчунин масъалаи истифодаи мақсадноки заминҳои барои хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон ҷудогардидаро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳлил карда, аз натиҷаҳои он ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод созанд.

4. Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ намудани болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2008 шумораи нуқтаҳои қабул ва фурӯш, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми захираи онро ду маротиба зиёд карда, фаъолияти бозорҳои кишварро ҷоннок намояд.

Дар баробари ин, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" оид ба зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки шумо медонед, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ мо чанд соли охир нисфи хароҷоти буҷети давлатиро барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сарф карда истодаем.

Дар муддати ҳафт соли охир маблағгузории фақат соҳаи маориф зиёда аз 13 маротиба афзудааст. Имсол буҷети он нисбат ба соли 2006-ум 41 фоиз бештар мебошад. Маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар соҳаи маориф мавриди татбиқ қарор дода шудаанд, 248 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар муқоиса бо ду соли пешин дар соли 2007-ум шароит ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактаб-интернатҳо то андозае беҳтар гардидааст.

Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар кишвар бо сарфи беш аз 50 миллион сомонӣ 129 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои зиёда аз 23 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Вале сарфи назар аз ин, ҳоло дар кишвар бинои 277 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 202 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгир аст. Ҳамчунин 81 мактаб дар маҷмӯъ ба 263 синфхонаи иловагӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва маориф зарур аст, ки якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади тадриҷан ба эътидол овардани вазъи мактабҳои фарсуда ва аз хонаҳои шахсию вагонҳо берун овардани мактабҳо, инчунин аз байн бурдани камбуди ҷойи нишаст дар мактабҳо лоиҳаи барномаи давлатиро таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки солҳои охир баръакси афзоиши шумораи аҳолӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар кишвар кам шудаанд. Биноҳои кӯдакистонҳои мавҷудаи ноҳияҳои алоҳида фарсуда ва таъмирталаб гардидаанд.

Ба Вазорати маориф ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт мавҷуда ва барқарору таъмир кардани боғчаҳои бачагона, ташкили муассисаҳои хусусии томактабӣ, инчунин дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон дар онҳо тадбирҳои дахлдор андешанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати хонандагону донишҷӯён нисбат ба солҳои пешин тадриҷан беҳтар мегардад, вале ин ҳанӯз ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.

Дар фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ монеаҳои зиёд мавҷуданд, ки бояд вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ дар бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон ба Вазорати маориф зарур аст, ки якҷоя бо роҳбарияти омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии омӯзгории кишвар доир ба ҳаллу фасли масъалаи тайёр кардани кадрҳои зарурии педагогӣ ва таъмини пурраи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорон тадбирҳои қатъиро амалӣ намояд.

Аз натиҷаҳои санҷиши Вазорати маориф бармеояд, ки дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сатҳи дониш ва сифати таълим то андозае беҳтар гардида, нақшаву барномаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иҷро шуда истодаанд.

Вале дар баробари ин, дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳанӯз сатҳи дониши толибилмон ва сифати таълим ҷавобгӯи талабот набуда, дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда шудаанд.

Аз ин рӯ, бояд Вазорати маориф ва мактабҳои олие, ки таҳсили шартномавиро ҷорӣ кардаанд, дар бораи риояи қатъии талаботи стандарти давлатии таълим ва истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои таҳсилоти шартномавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, ба Вазорати маориф зарур аст, ки якҷоя бо роҳбарони мақомот ва сохторҳои дахлдор дар бораи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, таъмини имтиёзи муаллимони ҷавон вобаста ба ҷудо намудани манзили зист ё қитъаи замин, пешгирӣ кардани ҷалби хонандагон ба корҳои кишоварзӣ, инчунин мувофиқи имтиёзҳои ба мактабҳои олӣ додашуда таъмин кардани таъмиру таҷдиди хобгоҳҳои донишҷӯён чораҳои муассирро амалӣ намояд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фонди захиравии Президенти Тоҷикистон сол аз сол афзуда, дар ин замина соли гузашта дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ, тарбияи кадрҳо, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, бунёди иншооти нави тандурустӣ, харидории таҷҳизоту доруворӣ ва техникаи муосири тиббӣ хеле корҳо анҷом дода шуданд. Дар соли 2007-ум маблағгузории давлатии соҳаи тандурустии мамлакат қариб 190 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 49 фоиз зиёд мебошад.

Имсол маблағгузории давлатии он дар ҳаҷми 256 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 43 фоиз зиёд аст. Илова бар ин, солҳои охир дар соҳаи мазкур 6 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 188 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Ҳукумати Тоҷикистон як силсила барномаву нақшаҳои алоҳида, аз ҷумла Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегия оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010 ва Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки ҳадафи онҳо мусоидат кардан ба рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Вале татбиқи баъзе барномаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003-2010 дар кишвар қаноатбахш нест.

Аз ин рӯ, бояд Вазорати тандурустӣ барои татбиқи барномаи зикршуда ва пешгириву мубориза бар зидди бемориҳои сил тадбирҳои иловагӣ андешад.

Масъалаҳои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, ташхису табобати беморон, воридоти дорувории босифат ва татбиқи баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ ҳаллу фасли заруриро тақозо менамоянд.

Зеро дар натиҷаи санҷишҳо вобаста ба воридоти доруворӣ, бунёд ва таҷдиду тармими муассисаҳои тиббӣ баъзе камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ошкор карда шудаанд.

Бо дарназардошти камбудиву норасоиҳои зикршуда ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар аз байн бурдани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳбудии шароит ва корҳои табобатии муассисаҳои тандурустӣ чораҳои муассир андешад.

Дӯстони азиз!

Сиёсати фарҳангии кишвар имрӯз ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва эҳёи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ равона гардидааст.

Ҳарчанд ки дар ин бахш як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд, вале ҳанӯз вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус фаъолияти онҳо дар бобати баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифатии мардум қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, ба Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодиву ҳунарӣ супориш дода мешавад, ки пеш аз ба намоиш гузоштани асарҳои адабиву ҳунарӣ дар театрҳо, консертҳо ва бахусус дар шабакаҳои телевизионӣ онҳоро ҳатман аз назари аъзои шӯроҳои бадеӣ гузаронида, баъдан ба мардуми кишвар пешниҳод намоянд.

Инчунин, ба Вазорати фарҳанг супориш дода мешавад, ки масъалаи мутамарказонидани маблағҳои барои соҳа ҷудошавандаро омӯхта, пешниҳоду хулосаи асосноки мутахассисонро вобаста ба он дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд.

Ҳамзамон сафарҳои ҳунарии ҳунармандонро ба хориҷ ва дохили кишвар ба низом дароварда, онҳоро бештар барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии мардум, тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва фарҳанги миллӣ сафарбар созад.

Мувофиқи дастуру супоришҳои додашуда солҳои охир дар қаламрави мамлакат беш аз 70 мағозаи фурӯши китоб сохта ба истифода дода шуд, вале ҳанӯз шумора ва таъминоти онҳо бо китоб нокифоя мебошад.

Аз ин рӯ, бояд Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои боз ҳам зиёд кардани теъдод ва фаъол гардонидани кори мағозаҳои савдои китоб, таъмини пайвастаи онҳо бо китобҳои тозанашр тадбирҳо андешида, дар банди алоҳидаи буҷети маҳаллӣ пешбинӣ кардани маблағҳои махсусро барои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо таъмин намояд.

Имрӯз яке аз мушкилоти асосии соҳаи табъу нашр бо кор таъмин набудани корхонаву муассисаҳои калонтарини полиграфӣ ва кӯҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти онҳо аст.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои фарҳанг ва маориф супориш дода мешавад, ки масъалаи минбаъд дар сатҳи зарурӣ ба табъ расонидани китобҳои дарсиро дар чопхонаҳои давлатии махсусгардонидашудаи мамлакат ҳаллу фасл намоянд. Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар кишварамон беш аз ду ҳазор иншооти ба қайд гирифташудаи мероси таърихиву фарҳангӣ вуҷуд доранд. Вале дар натиҷаи ба таври дахлдор нигоҳубин ва ҳифз карда нашудани онҳо дар давоми 15 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар маҷмӯъ 69 иншооти таърихиву фарҳангӣ пурра нест гардидааст, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Ба Вазорати фарҳанг супориш дода мешавад, ки дар баробари дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, инчунин вазъи онҳоро дар доираи имкониятҳои молиявӣ тадриҷан ба эътидол оварад.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои зикршудаи бахшҳои иҷтимоӣ тақвият бахшидани ҳимояи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳаҷми 445 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ доир ба пардохти музди меҳнат, ҷубронпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ва истифодаи мақсадноки ин маблағҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди чораҳои андешидаи мақомоти дахлдор масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва маблағҳои ба он баробар ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад. Имрӯз маблағи қарзи корхонаву муассисаҳо аз андозҳои иҷтимоӣ дар мамлакат зиёда аз 76 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани қувваи қобили меҳнат масъалаест, ки ҳаллу фасли он ҳам ба Ҳукумати Тоҷикистон, ҳам ба сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳам ба бахши хусусӣ вобаста аст.

Солҳои охир мо аз тариқи густариш додани корҳои созандагӣ, яъне бунёди як қатор иншооти энергетикиву коммуникатсионӣ ва барқарорсозии инфраструктураи истеҳсоливу иҷтимоӣ ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам овардем. Ҳамчунин барои онҳое, ки ба кишвар технологияи нави истеҳсолӣ ворид карда, ҷойҳои корӣ ташкил мекунанд, имконият ва имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намудем.

Дар соли 2007-ум дар маҷмӯъ 25 ҳазор нафар шаҳрвандон бо кор таъмин карда шуданд, ки ин нисбат ба соли 2006-ум сеюним фоиз зиёд аст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва ташкилоту корхонаҳои ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 90 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Лекин ин ҳама назар ба имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз кам аст.

Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки бо мақсади паст кардани сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар бораи барқарорсозии фаъолият ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, тақвияти раванди созандагӣ, инчунин ҷалби бекорон ба истеҳсолоти кишоварзӣ, паст кардани сатҳи қарздории корхонаву муассисаҳо аз андозҳои иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

Барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию меҳнатӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд татбиқи самарабахши Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизотӣ, Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ислоҳоти бахши ҳифзи иҷтимоиро таъмин карда, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ", "Дар бораи сабади истеъмолии аҳолӣ", "Дар бораи кӯмакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ" ва "Дар бораи таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат

ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ва вазифаҳо барои соли 2007" мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар соли гузашта тадбирҳои судманд андешида, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва ин имконият дод, ки вазъи мудофиавӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мӯътадил нигоҳ дошта шавад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм, экстремизм, одамфурӯшӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самтҳои зикршуда, аз ҷумла дар бобати пешгирии ҳодисаҳои нашъаҷаллобӣ ва мусодираи маводи мухаддир тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонанд. Бо вуҷуди ин, ҳодисаҳои бо маводи мухаддир боздошт гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар боиси нигаронӣ аст.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва кушодани ҷиноятҳои содиргардида ҳанӯз камбудиву норасоиҳои зиёд мавҷуданд.

Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки дар самти ошкор намудан ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳарчанд ҷиҳати риояи қоидаҳои зидди сӯхтор як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд, лекин ҳодисаҳои рухдода нишон медиҳанд, ки қоидаҳои зидди сӯхтор дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва аз ҷониби шаҳрвандон ба таври дағалона вайрон карда мешаванд.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки омодагии касбӣ ва заминаи моддию техникии мақомоти сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ғайриқаноатбахш аст.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои молия, корҳои дохилӣ ва маориф зарур аст, ки дар бораи аз соли хониши 2008-2009-ум дар Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои соҳаи сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳо андешида, ҷиҳати таъминоти моддию техникии мақомоти сӯхторнишонӣ ва воҳидҳои минтақавии он ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2007 шумораи ҷиноятҳои ҳарбӣ кам гардидааст, вале дар ҳамаи сохторҳои низомӣ ҳодисаҳои вайрон кардани интизоми оинномавӣ вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 92 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва 950 ҳодисаи вайронкунии интизоми оинномавӣ ошкор карда шудааст, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро лозим аст, ки корро дар бобати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва риояи қатъии оинномаҳои интизомӣ дар байни хизматчиёни низомӣ пурзӯр намоянд.

Дар бобати ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ташкили инфраструктураи он корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар баробари ин, аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи бунёд кардан ва ба истифода додани дидбонгоҳҳо барои сарҳадбонон тадбирҳои ҷиддӣ андешида намешаванд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи сарҳади давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки вазифаи зикршударо ба зимма доранд, супориш дода мешавад, ки дар ин масъала чораҳои зарурӣ андешанд.

Таъмин намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо амволи махсус сол аз сол беҳтар мегардад. Бо вуҷуди ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки дар бораи мувофиқи меъёрҳои қабулгардида истеҳсол кардан ва боз ҳам беҳтар намудани таъминоти амволи таъиноти ҳарбӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намояд.

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ мо соли гузашта сохтори махсус - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис додем.

Дар натиҷа шумораи тафтишу санҷишҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2006 қариб 900 адад камтар шуда, баръакс ошкор ва барқарорсозии зиёни молиявӣ хеле афзуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки дар мавриди ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ бештар ба барқарор намудани товони зарари моддии расонидашуда таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.

Ба зиммаи мақомоти прокуратураи кишвар масъулияти хеле баланд, яъне таъмини риояи қонуният, пешгириву мубориза бар зидди ҳар гуна қонуншиканиҳо гузошта шудааст.

Вале бинобар фаъолияти нокифоя ва назорати сусти прокурорӣ дар кишвар ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки замин, ғасби он, сохтмони худсаронаву ғайриқонунии манзили истиқоматӣ ва дигар иншооти хоҷагидорӣ, аз меъёри муқарраршуда бештар ҷудо кардани қитъаи замин, аз пардохти андози замин саркашӣ кардани шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ришваситонии кормандони масъул ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин, беасос аз як категория ба категорияи дигар гузаронидани замин, хариду фурӯши он, қабули қарорҳои ғайриқонуниву беасос аз ҷониби роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо на танҳо аз байн нарафтаанд, балки зиёд шудаанд.

Танҳо дар шаҳри Ваҳдат дар ҷараёни баҳисобгирии давлатии замин бо дахолати шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагиҳои кишоварзӣ зиёда аз 407 гектар замини кишт ғайриқонунӣ ва бе қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст, ки ниҳоят ташвишовар мебошад. Чунин ҳолатҳо дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷиликӯл, Фархор, Восеъ, Ҷомӣ, Хуросон, Ҳамадонӣ, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, шаҳрҳои Кӯлоб ва Сарбанд низ ҷой доранд.

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ маҷлисҳои вакилони халқ буҷети маҳаллиро қабул мекунанд ва ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид сохта, иҷрои онро бояд назорат намоянд. Аммо санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо ваколатҳои маҷлиси вакилони халқро азхуд намуда, ғайриқонунӣ дар бораи буҷети маҳаллӣ қарор қабул мекунанд ё ба он тағйиру иловаҳо ворид менамоянд, ки ин амал умуман аз салоҳияти хизматии онҳо берун аст.

Илова бар ин, ҳодисаҳои ғайримақсаднок сарф кардани маблағҳои буҷетӣ ва иваз кардани онҳо бо моддаҳои дигари хароҷот низ ҷой доранд.

Тавре ки аз натиҷаҳои санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои тафтишотӣ бармеояд, ҳанӯз дар кишварамон ҳолати иҷро ва риояи санадҳои қонунгузорӣ мувофиқи талабот нест ва дар аксарияти бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қонуншиканиҳо ва камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки бартараф кардани онҳо пеш аз ҳама аз шумо, яъне дар ин толор нишастагон вобаста аст.

Фаромӯш набояд кард, ки мардум ба фаъолияти мову шумо маҳз дар асоси нуқсону мушкилоте, ки дар ҳаёти рӯзмарраи худ дучор меояд ва аз рӯи тартибу ҷараёни рафъи онҳо баҳо медиҳад.

Зеро мову шумо масъулияти роҳбарии ин ё он соҳаи ҳаёти кишвар, раҳнамоӣ ва хизмат ба мардумро ба зимма дорем.

Аз ин рӯ, бояд вазифаи худро ҳамеша ва ҳатман бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат иҷро карда, ҳамаи кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи худро барои беҳтар гардонидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона созем.

Ҳамчунин ҳар яки шумо вазифадор ҳастед, ки дар татбиқи саривақтӣ ва зарурии санадҳои Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳо ва дигар санадҳои қабулкардаи Ҳукумат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир намоед. Фаъолияти роҳбарии худро бо дасту дили пок, эҳсоси ғамхориву ватандӯстӣ, азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои неку созанда ба амал бароред.

Бо истифода аз фурсат изҳор медорам, ки бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти кишоварзии мамлакатамон солҳои 2008-2010 марҳалаи аз бӯҳрон баровардани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ эълон карда шавад.

Дар ин марҳала аз роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақозо мегардад, ки дар баробари ҳалли масъалаҳои пахтакорон, инчунин барои рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ азму талош намоянд.

 

Соли 2008-ум барои Тоҷикистон соли хоса аст. Зеро дар ин сол дар кишварамон баргузор гардидани як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд, ки таҷлили 1150-солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ тибқи қарори ЮНЕСКО ва Соли забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашну чорабиниҳои мазкур, ки бешубҳа ба таъмиқи эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳанд кард, бояд созандагиву бунёдкориро беш аз пеш вусъат дода, бо шукргузорӣ аз сарзамини соҳибистиқлоламон аз ҳар як рӯзи фаъолияти худ ба хотири ободиву шукуфоии Ватани аҷдодиамон самаранок истифода барем.

Дар охир ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми кишвар дар роҳи тараққиёти Тоҷикистони азизамон барори кор ва дастовардҳои азим мехоҳам.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520