Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон

25.12.2007 16:00, шаҳри Душанбе

Соҳибкорони мӯҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Беш аз чаҳор сол муқаддам, яъне моҳи июли соли 2003 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ баргузор гардида буд.

Ва чунон ки аксари шумо дар хотир доред, дар мулоқоти зикршуда мову шумо вазъи соҳибкориро дар кишвар ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои солҳои оянда, инчунин роҳҳои ҳалли проблемаву мушкилоти мавҷударо муайян карда будем.

Дар ин муддат доир ба рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум хеле тадбирҳо андешида шуданд ва чунон ки шумо шоҳид ҳастед, дар ин самтҳо ба як силсила дастовардҳо низ ноил шудем.

Вале имрӯз замонаи пешрафт ва ҷомеаи мамлакат дар назди мо вазифаҳои наверо мегузорад, ки аз иҷрои пайгиронаи онҳо нигоҳ доштани суръати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоламон вобаста аст.

Ва итминони комил дорам, ки мову шумо бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкории сохторҳои давлативу бахши хусусӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи ниҳоӣ ва муқаддасамон - обод кардани Ватани азизамон мебароем.

Зеро ҳадафи асоситарини мо таъмин кардани рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардумамон мебошад.

Ба ин ҳадаф танҳо дар асоси фаъол намудани нерӯи инсонӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҳар як фарди ҷомеа ноил шудан мумкин аст.

Бо ин мақсад дар давоми солҳои истиқлолият шароити зарурӣ фароҳам оварда шуданд.

Мо ташаккули соҳибкории ватаниро аз марҳалаи аввали ислоҳот, ки ба давраи норасоии молу маҳсулоти ҳаётан муҳим, гиперинфлятсия ва сатҳи ниҳоят пасти зиндагӣ рост омад, оғоз намудем.

Дар он давраи вазнин, ки барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоштанд, қонунҳои амалкунанда моликияти хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро маҳдуд менамуданд ва муҳимтар аз ҳама, муносибати ҷамъият ба ин падида манфӣ буд, иқдомоти душвореро қабул ва амалӣ намудем.

Дар тӯли ин солҳо мо мунтазам ва устуворона ба ҷониби либерализатсияи иқтисодиёт, ки заминаи воқеии инкишофи соҳибкорӣ мебошад, пеш рафтем ва ин роҳро пайгирона идома дода истодаем.

Чунон ки ҳама шоҳид ҳастед, солҳои охир дар мамлакат дар самти рушди бахшҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳаҳои энергетика ва инфраструктура як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Дар муддати панҷ соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,4 маротиба ва буҷети давлатӣ 3,7 маротиба афзоиш ёфт.

Дар маҷмӯъ солҳои сипаришуда барои кишвари соҳибистиқлоли мо давраи рушди устувор дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт буданд.

Ширкаткунандагони мулоқоти қаблӣ дар ёд доранд, ки бо мақсади ҳалли проблемаҳои мавҷудаи он рӯзҳо ва умуман рушди иқтисоди мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як силсила тадбирҳои зарурӣ пешбинӣ гардида буданд ва имрӯз метавонем гӯем, ки амалӣ намудани онҳо ба пешравии кишвар ва ҳалли проблемаҳои мубрами соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо мусоидат намуд.

Дар ин муддат раванди ислоҳот дар ҳамаи қисмҳои таркибии иқтисодиёт суръати тоза гирифта, дар бахшҳои алоҳидаи он дигаргуниҳо дар сатҳи сифатан нав татбиқ гардиданд.

Проблемаҳои инфраструктураи нақлиётии мамлакат, ки пеш аз ҳама натиҷаи шароити мушкили ҷуғрофӣ ва фаъолияти сусти коммуникатсионӣ мебошанд, яке аз сабабҳои асосии суръати пасти рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ дар кишварамон ба ҳисоб мерафтанд.

Зеро ин ҳама боиси хароҷоти барзиёди нақлиётии соҳибкорон гардида, мустақиман ба қобилияти рақобатнокии маҳсулоти онҳо чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат таъсир мерасонид.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала ва раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои нақби "Истиқлол"-ро асосан ба анҷом расонида, бунёди ду нақби дигарро оғоз кардем; сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингардро ба самти давлатҳои Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон суръати тоза бахшидем; дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон якчанд пулҳои нақлиётӣ, аз ҷумла пули Панҷи Поёнро ба истифода додем.

Ҳоло бо мақсади азнавсозии роҳҳои магистралии Тоҷикистон зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ азхуд шуда истодааст.

Ва мо ният дорем, ки то охири соли 2009 ин проблемаро пурра аз байн барем ва робитаи озодонаву доимии кишвари худро бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таъмин намоем.

Аллакай имрӯз вазъи инфраструктураи роҳҳои Тоҷикистон ба инкишофи ҳам содирот ва ҳам воридоти молу маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст.

Вале Ҳукумати Тоҷикистон бо ин дастовардҳо қаноатманд нашуда, ба хотири беҳсозии роҳҳои кишвар талоши фаъолона карда истодааст.

Яке аз проблемаҳои мушкилтарини мамлакатамон, ки ба инкишофи иқтисодиёт, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ таъсири манфӣ мерасонад, нарасидани захираҳои энергетикӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки аҳамияти ҳаётии таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар тамоми кӯшишу талоши худро барои ҳалли он равона карда, бо ин мақсад ҳамаи захираву имкониятҳоро истифода бурда истодааст.

Ҳоло сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла "Лолазор-Хатлон" ва "Ҷануб-Шимол" босуръат идома дорад.

 

Дар рӯзҳои наздик агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмони нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-2" ва "Роғун" идома доранд, лоиҳаи сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои дигари дарёи Вахш азхуд шуда, инчунин доир ба модернизатсияи нерӯгоҳҳои "Марказӣ", "Варзоб" ва "Норак" корҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ояндаи наздиктарин бунёди ҳамаи ин иншоотҳо ба анҷом расида, Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи барқ ба мамлакати содиркунандаи барқи нисбатан арзон ва аз нигоҳи экологӣ бехатар табдил хоҳад ёфт.

Дар мамлакат ҳамчунин корҳо оид ба кашфи конҳои бузурги ангишт мавриди иҷро қарор гирифта, татбиқи лоиҳаҳои истихроҷи саноатии ангишт дар кони Фон-Яғноб идома дорад.

Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади кам кардани ҳаҷми истеъмоли қувваи барқ барномаи барқарор намудани шабакаҳои гармидиҳиро дар шаҳрҳои калони кишвар, ки истеъмолкунандагони бузурги нерӯи барқ мебошанд, қабул ва амалӣ карда истодааст.

Барои барқарор кардан ва инкишоф додани шабакаҳои гармидиҳии шаҳрҳо масъалаи ба сӯзишвориҳои алтернативӣ гузаронидани дегхонаҳо, инчунин таъмини боэътимоди намудҳои гуногуни сӯзишворӣ баррасӣ мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳо дар ояндаи наздик ба паст гардидани шиддати проблемаҳо дар бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумат соҳибкорон ва ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллат низ метавонанд барои ҳарчи зудтар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишвар ба қадри имкон мусоидат намоянд.

Онҳо метавонанд дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, бахшҳои истихроҷи ангишт ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузург саҳмгузорӣ кунанд.

Дигар ин, ки вақтҳои охир ҷиҳати инкишофи соҳаҳои саноати сабук, махсусан коркарди пурраи нахи пахта, меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти барои содирот таъйиншуда дар кишвар сохтмони якчанд корхона ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосир оғоз шудааст.

Ин бахш яке аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори иқтисоди кишвар аст. Бояд гуфт, ки рушди ин соҳа дар навбати аввал аз ташаббус ва фаъолияти соҳибкорони Тоҷикистон вобаста мебошад.

Бояд зикр кард, ки аз мулоқоти соли 2003 то вохӯрии имрӯзаи мо соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати вусъат додани фаъолияти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 962 миллион сомонӣ таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технологияҳои ҳозиразамон ворид намудаанд ва ба маблағи 191 миллион сомонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 9,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Вале дар сохтмони иншоотҳои бузург ҳаҷми иштироки ширкатҳои хусусии ватанӣ назаррас нест.

Аз ҷумла, ҳиссаи ташкилотҳои ғайридавлатии ватанӣ дар ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар корҳои сохтмони лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамагӣ 21,4 фоиз (1 миллиарду 70 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар шароити ҳозира албатта ин нокифоя аст. Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсолӣ буда, ҷиҳати истифодаи ҳарчи бештари онҳо соҳибкорон бояд ҳаҷми воридоти технологияи муосир ва иқтидори корхонаҳои худро дучанд гардонанд.

Ин имконият медиҳад, ки ғайр аз истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва иҷрои сифатноки кору хизматрасониҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд ва шиддати проблемаи муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло барои ин, ки миқёси рушди соҳибкорӣ дар кишвар ба таври воқеӣ арзёбӣ гардад, мехоҳам ба воқеият ва рақамҳое назар андозем, ки тамоюлҳои ин самтро нишон медиҳанд. Масалан, то соли 2003 аксарияти мутлақи соҳибкорон дар бахшҳои савдо, хӯроки умумӣ ва тиҷорат фаъолият доштанд.

 

Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид дар солҳои минбаъда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон, тандурустӣ ва маориф ташкили корхонаҳои хурд суръати тоза гирифт.

Соли 2007 дар муқоиса бо соли 2003 шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна 1,7 баробар ё худ аз 5200 то 8750 адад афзоиш ёфт.

Дар ин муддат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) майдони зиёди заминҳои корам вобаста карда шуд. Дар соли 2003 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 23 ҳазору 300 ададро ташкил карда, ба онҳо 195 ҳазор гектар заминҳои корам вобаста шуда буд, дар соли 2007 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 32 ҳазор гузаштааст, ки 477 ҳазор гектар заминҳои корам дар ихтиёри онҳо гузошта шудаанд.

Агар маҳсулоти умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соли 2003-юм 375 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли 2007 ин нишондиҳанда ба 1 миллиарду 40 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 39 фоизи соли 2003 то 43 фоиз дар 11 моҳи соли 2007 афзудааст.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар соҳаҳои мухталиф истеҳсолшаванда мутаносибан дар соҳаҳои саноат 43,5 фоиз, кишоварзӣ 90,2 фоиз, сохтмон 5,2 фоиз, хизматрасонӣ - 69 фоиз ва савдо 97 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2005-ум 33 ҳазору 900 адад ва дар соли 2007-ум 36 ҳазору 600 адад шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Шумораи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, аз 54 ҳазору 500 нафар дар соли 2005-ум то 69 ҳазор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият доранд, аз 34 ҳазор то 39 ҳазор нафар расидааст.

Дӯстони азиз!

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки ҳоло Тоҷикистон дар ибтидои марҳалаи нави тараққиёт қарор дорад.

Хусусияти асосии ин марҳала устувор гардонидани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо роҳи ташаккул ва татбиқи минбаъдаи механизмҳои иқтисоди бозаргонии муосир ва қобили рақобат мебошад.

Ҳукумат хуб дарк менамояд, ки дар шароити торафт рушдёбанда ва дар чорчӯбаи созмону ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ ривоҷ ёфтани ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои олам ҳеҷ як давлати дунё наметавонад дар алоҳидагӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардад.

Бо мақсади бархурдорӣ аз афзалиятҳои низоми бисёрҷонибаи танзими савдо соли шашум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо талош карда истодааст.

Узвият дар ин созмони бонуфуз имкон медиҳад, ки дар кишварамон низоми тиҷорати шаффоф, пешгӯишаванда ва муҳимтар аз ҳама, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй барқарор гардад.

Аз ин хотир, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ба хотири суръат бахшидан ба раванди дохилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, бартараф намудани тамоми монеаҳои мавҷуда, мутобиқ намудани қонунгузории ҷорӣ ба талаботи низоми бисёрҷонибаи савдо ва анҷом додани музокироти дуҷониба чораҳои мушаххас андешида, ҷараёни ворид шудани Тоҷикистонро ба ин созмон дар солҳои наздик ба анҷом расонад.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади озодсозии савдои берунӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 90 кишвари дунё муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дорад. Ҳаҷми мубодилаи мол дар соли 2006 беш аз 3 миллиард долларро ташкил кард, ки ин рақам нисбат ба соли 2005-ум 40 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади боз ҳам инкишоф додани савдои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумат Барномаи рушди содиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 қабул гардид, ки амалӣ намудани он аз фаъолият ва кӯшиши соҳибкорон вобастагии калон дорад.

Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" қабул гардид ва Ҳукумат барои созмон додани чунин минтақаҳо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намудааст.

Ин минтақаҳо барои густариши фаъолияти иқтисодиву молиявӣ, тиҷоративу иттилоотӣ, инчунин хизматрасонӣ шароити бисёр мусоид ва имтиёзӣ фароҳам хоҳанд овард.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ, ки дар хориҷи кишвар истиқомат ва кору фаъолият мекунанд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки дар таъсиси ин минтақаҳо ва умуман барои ба кишвари ободу зебо ва давлати пуриқтидору пешрафта табдил ёфтани сарзамини аҷдодии худ, яъне Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Ҷиҳати ташкили рушди муназзам ва илман асосноки иқтисодии кишвар аз ҷониби Ҳукумат барномаҳои дарозмуддату миёнамӯҳлат - Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009 қабул шуда, ҳоло мавриди амал қарор доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки барномаи мазкур моҳи декабри соли ҷорӣ дар маҷлиси Шӯрои муштараки Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардида, дастгирӣ ёфт.

Мақсади асосии Ҳукумати Тоҷикистон аз татбиқи ин ҳуҷҷатҳо таъмини рушди бонизоми иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат буда, нишондодҳои онҳо бо санади Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанг сохта шудаанд.

Дар ин барномаҳо, албатта, ба рушди соҳибкории хурду миёна ва густариши ҷалби сармоя, воридоти технологияи нави муосир барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вусъат додани озодии фаъолияти иқтисодӣ, таҳкими бештари ҳуқуқи моликият, риояи ҳатмии қонуният дар ин самт, тавсеаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун самтҳои афзалиятноки миллӣ эътибори махсус дода шудааст.

Татбиқи ин афзалиятҳо барои бунёди давлати пешрафта ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин шароит фароҳам меорад, ки дар он ҳамаи аъзои ҷомеа барои истифодаи дастовардҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ имкониятҳои баробар хоҳанд дошт.

Ва бешубҳа, соҳибкории хурду миёна омили муҳимтарини расидан ба ин мақсадҳо мебошад.

Вақти он расидааст, ки соҳибкорон бештар ба соҳаҳои истеҳсолӣ рӯй оранд. Хусусан, ташкили ширкатҳои ватанӣ дар соҳаи сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ талаби замон аст.

Мутаассифона, корхонаҳои хурди сохтмоние, ки ҳоло дорем, ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ корҳоро бесифат анҷом медиҳанд. Аз ҷониби дигар, иқтидори сусти молиявии онҳо имкон намедиҳад, ки дар муомилоти тендери объектҳо иштирок намоянд. Бинобар ин, зарурати рушди ин соҳаро бори дигар таъкид менамоям.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ дар ин муддат бо мақсади таҳкими асосҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда, ба санадҳои амалкунандаи дигар тағйиру иловаҳо ворид намуд.

Яъне ҳоло барои фаъолияти озодона ва рушди соҳибкорӣ ҳамаи заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Соли 2007 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мафҳумҳои соҳибкории хурд ва миёна аз рӯи фаъолияте, ки анҷом дода мешавад, муқаррар карда шуданд.

Ҳадаф аз танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама дастгирӣ ва таъмини дастрасии баробари субъектҳои соҳибкорӣ ба инфраструктураи дахлдор, ҳифзи рақобат аз кӯшишҳои монополизатсия ва ҳимояи истеъмолкунанда аз таъминкунандагони молу маҳсулот ва хизматрасонии бесифат мебошад.

Барои аз байн бурдани мудохилаи аз меъёр беруни сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ба низоми муайян даровардани санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шуд, ки ҳоло амал карда истодааст.

Бо мақсади татбиқи самараноки қонун ва таъмини шаффофияти раванди санҷишҳо ду қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи онҳо қоидаҳои бақайдгирии санҷишҳо, асноди санҷишӣ ва тартиби нигоҳдории ин санадҳо муайян карда шуданд.

Илова бар ин, дар тӯли солҳои охир қисме аз мақомоти давлатии санҷишӣ, ба монанди раёсати тафтишотию назоратии Вазорати молия ва раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ барҳам дода шуда, полиси андоз бо ихтисор ба сохтори навташкили Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ворид карда шуд.

Ин тадбирҳо дар маҷмӯъ натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Танҳо дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2006 миқдори санҷишҳои гузаронидашудаи субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ 10 фоиз кам шудааст.

Вале бояд таъкид кард, ки ислоҳоти низоми санҷиш худ аз худ ҳамаи проблемаҳоро ҳал намекунад.

Дар ин самт бояд худи соҳибкорон аз ҳуқуқҳояшон огоҳ ва ҳангоми гузаронидани санҷишҳо бо муқаррароти қонунгузории мавҷуда шинос бошанд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, инчунин Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешаванд, ки назоратро аз болои риояи қонуни зикршуда пурзӯр намоянд ва ҳар як далели ошкоргардидаи санҷиши беасосро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳаққи гунаҳгорон чораҳои қатъӣ андешанд.

Соддагардонии тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, литсензиякунонии фаъолияти онҳо, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии онҳо, пешниҳоди ҳисоботи давлатии оморӣ ва муҳосиботӣ яке аз самтҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ", ки ҳанӯз соли 2004 қабул шуда буд, масъалаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро ҳангоми таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои онҳоро танзим менамояд.

Вале ҳанӯз ҳам муддати тӯлонии раванди бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ бо сабаби миқдори зиёди мақомоти ба он ҷалбгардида ва ваколатҳои васеи ба онҳо вогузоршуда барои соҳибкорон мушкилиҳо эҷод менамояд.

Аз ин рӯ, содда кардани расмиёти бақайдгирии ашхоси ҳуқуқӣ бо роҳи ҷорӣ намудани механизми "дари ягона", ки тамоми мақомоти ба раванди бақайдгирӣ ҷалбшударо дарбар мегирад, талаботи замон буда, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ҷорӣ намудани ин принсип ниҳоят зарур аст.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор тартиби бақайдгирӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳибкоронро аз рӯи принсипи зикршуда ҳаматарафа баррасӣ намояд.

Дар баробари ин, мехоҳам масъалаи муҳими дигарро низ зикр намоям, ки солҳои охир дар ҳаллу фасли он ислоҳоти куллӣ гузаронида шуд.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", яъне то моҳи майи соли 2004 масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ бо зиёда аз 43 қонунгузории соҳавӣ ва 41 санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешуданд.

Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикршуда, ки дар он тартиби гирифтани иҷозатномаҳо муқаррар гардидааст, раванди иҷозатномадиҳӣ хеле осон шуд.

 

Илова бар ин, то қабул гардидани қонуни мазкур зиёда аз 1000 намуди фаъолият бояд аз рӯи иҷозатномаҳо ба амал бароварда мешуд. Соли 2004 миқдори онҳо то 113 ва соли 2006 то 66 намуд кам карда шуд.

Тавре ки мебинем, дар айни ҳол ин теъдод чандин маротиба кам карда, мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои фаъолияти махсус беш аз се сол ва барои дигар намудҳои фаъолият зиёда аз панҷ сол муқаррар шудааст.

Ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки қатъ гардонидани мӯҳлати амали иҷозатномаҳо танҳо аз тарафи судҳо анҷом дода мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004-ум Консепсияи дарозмуддати рушди соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015-ум қабул карда буд. Дар он ҳадафҳои стратегии вобаста ба дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба вусъати соҳибкорӣ муайян шудаанд. Ҳоло ҳуҷҷати мазкур дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар доираи барномаи мазкур барои сабук кардани бори андозбандии бахши хусусиву соҳибкорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Ҳамчунин дар қонунгузории андоз, яъне дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2004 қабул шуд, оид ба андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ як қатор сабукиҳо ва имтиёзҳои иловагӣ муқаррар гардиданд.

Аз моҳи январи соли 2005-ум меъёри андози даромад аз шахсони воқеӣ ба ҷои 10-25 фоизи пешина дар ҳаҷми 8-13 фоиз муайян карда шуд.

Арзиши патент барои соҳибкорон аз соли 2004-ум то имрӯз бо вуҷуди болоравии нархҳо ва сатҳи таваррум зиёд нашудааст.

Ҳамзамон, мехостам зикр намоям, ки дар айни ҳол вобаста ба андозбандии соҳибкорони инфиродӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, ба мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор ирсол шудааст.

Дар он шакли андозбандии нисбатан содда ва имтиёзноки соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, пешбинӣ гардидааст.

 

Минбаъд соҳибкори инфиродӣ тавассути пардохти фақат маблағи патент се намуди андоз - андози иҷтимоӣ, аз даромад ва аз фурӯши чаканаро пардохт менамояд.

Мақсад аз ҷорӣ намудани ин тартиб маҳдуд кардани шумораи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон мебошад.

Дар бораи андоз аз фоидаи субъектҳои соҳибкории миёнаву калон бояд зикр намоям, ки меъёри пардохти он аз 30 то 25 фоиз паст карда шуд.

Инчунин корхонаҳои наве, ки бо истеҳсоли маҳсулот машғул мегарданд, аз соли дуюми бақайдгирии давлатӣ вобаста ба ҳаҷми сармоягузории бо қонун муқарраршуда аз андозбандии фоида ба муддати аз 2 то 5 сол озод карда шудаанд.

Ғайр аз ин, бо мақсади барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои дар асоси технологияҳои муосир амалкунанда дар Кодекси андоз амортизатсияи суръатнок, бо истифодаи коэффитсиенти дукаратаи меъёрҳои ниҳоӣ иҷозат дода шудааст.

Ҳамзамон, намудҳои зерини воридот аз андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд:

- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхона ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба истиснои воридоти молҳои зераксизӣ, ки дар номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;

- воридоти техникаи кишоварзӣ, дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ин ҷо бояд гуфт, ки бо мақсади пешгирӣ кардани болоравии нархи дорувории тиббӣ ва дастгирии соҳибкорони бо воридоти доруворӣ машғулбуда, мувофиқи тағйиру иловаҳои охирин ба Кодекси андоз, ки аз 1 январи соли 2008 амалӣ мегарданд, андоз аз арзиши иловашудаи дорувории воридгардида на аз арзиши умумии доруворӣ, балки аз болонархи он ситонида мешавад.

Ғайр аз ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани болоравии нархҳо аз 1 январи соли 2008 барои соҳибкорони инфиродӣ меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти тиҷоратӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминоту фурӯш аз 2 то 0,5 фоиз паст карда шудааст.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ҳангоми ҳамлу нақли молу маҳсулоти зудвайроншаванда тарифҳои нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он аз 40 то 50 фоиз кам карда шудаанд.

Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо низ, ки аз ҳисоби маблағҳои грант ва кредити аз ҷониби Ҳукумат ҷалбгардида пардохт гардидаанд, аз андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

Дар баробари ин, сохтмони иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби соҳибкорон сурат мегирад ва ройгон ба моликияти давлатӣ супорида мешавад, аз пардохти андозҳо озод мебошад.

Ёдовар мешавам, ки моҳи январи соли 2006 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фасли нав - "Низомҳои махсуси андоз" илова карда шуда буд ва тибқи он ҳоло масъалаҳои андозбандии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва коркарди нахи пахта, яъне андозбандии корхонаҳое танзим мегардад, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин машғуланд.

Дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ бояд гуфт, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми сохтмони онҳо фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии он аз пардохти аксари андозҳои бевосита ба сохтмон тааллуқдошта озод мебошанд.

Доир ба корхонаҳои нав таъсисёфта, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд:

- воридоти молҳо бевосита барои зарурати чунин корхонаҳо аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд;

- содироти молҳое, ки корхонаҳои нав таъсисёфта истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд;

 

- корхонаҳои нав аз андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо, андоз аз амволи ғайриманқул ва андози замин озод карда шудаанд.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шавам, ки бо мақсади рушди бозори истеҳсоли либос ва пойафзоли кӯдакона истеҳсолкунандагони ин маҳсулот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

Мутаассифона, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ин имтиёз истифода бурда намешавад, бинобар он дар бозори истеъмолӣ ҷои ин намуди молҳоро либос ва пойафзоли пастсифати воридотӣ ишғол намудааст.

Ҳарчанд Ҳукумат оид ба кам кардани шумораи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон ва пешниҳоди имтиёзҳои зиёд чораҳои мушаххас андешидааст, вале мувофиқи таҳлилҳои гузаронидашуда танҳо дар се соли охир 51 миллион сомонӣ маблағҳои пинҳонкардашудаи андоз ошкор гардидаанд.

Имрӯз беш аз 75 фоизи андозсупорандагон ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, соҳибкоронро зарур аст, ки дар фаъолияти худ ба қонуншиканиҳо роҳ надода, ӯҳдадориҳои худро дар назди қонун ва давлат пурра ва сари вақт иҷро намоянд.

Ба назари мо, вақти он расидааст, ки масъалаи андоз аз фурӯши чакана, бахши хизматрасонӣ ва самаранокии он бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Бинобар он, ки ба савдои чакана даҳҳо ҳазор одамон ҷалб шудаанд ва дар раванди андозбандӣ омили субъективӣ таъсири зиёд дорад, ба Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба такмили ин намуди андоз, ба Кодекси гражданӣ мутобиқ намудани он ва хотима бахшидан ба ҳар гуна кашмакашиҳои байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз хулосаҳои мувофиқашударо ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

 

 

Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷиддан ҳаллу фасли худро тақозо дорад, проблемаи ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатии соҳаи соҳибкорӣ мебошад.

Сухан дар бораи ба ҳисоб гирифтани собиқаи кории худи соҳибкорон, рушди шарикии иҷтимоӣ ва такмили механизми таъйин кардану пардохтани музди меҳнат ва нафақа меравад.

Бо мақсади ба низом даровардани тарзи таъйин ва пардохти нафақаи соҳибкорон ва таъмин намудани ширкати фаъолонаи онҳо дар заминагузории нафақаи суғуртавӣ, таъмини нафақаи соҳибкорон мутобиқ ба саҳми онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақа бояд амалӣ гардад.

Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои умумии ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ моҳи апрели соли 2003-юм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қабул карда шуд.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро ба низом медарорад, ки дар ҷараёни фаъолияти иҷораи молиявӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 8 ташкилоти лизингӣ, аз ҷумла ду бонк, як ташкилоти маблағгузории хурд ва панҷ муассисаи лизингӣ фаъолият менамояд.

Бо мақсади рушди фаъолияти меҳнатӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ барои соли 2008-ум 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ намудааст, ки он барои ташкили корхонаи давлатии лизингӣ равона мегардад.

Вале дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон фаъолият ва шумораи онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест, ҳарчанд ки дар мамлакат ҷиҳати таъминоти корхонаҳо бо технология ва таҷҳизоти муосир тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Яке аз нишонди?анда?ои му?ими дастгирии фаъолияти со?ибкорӣ ин таъмини талаботи соҳибкорон бо маблағҳои ?арзӣ мебошад.

?аҷми умумии ?арз?ои ҷудошуда дар соли ҷорӣ 3,5 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла бештар аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 88,2 фоизи онҳо мабла?гузории тиҷорат, иҷораи молиявӣ ба соҳибкорон, сарфи назар аз шакли ташкилии ҳуқуқӣ ва моликияти он?о мебошад.

Дар ин раванд ?абули ?онуни Ҷум?урии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилот?ои мабла?гузории хурд" барои рушди ин со?а хеле мусоидат намуд.

Дар заминаи ин ?онун рушди босуръати ?арзди?ии хурд дида мешавад. Масалан, агар дар соли 2005 ба андозаи 296 миллион сомонӣ ?арз дода шуда бошад, ин рақам дар соли 2006-ум 529 миллион сомонӣ ва дар соли ҷорӣ зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ми?дори ?арз?ои хурди додашуда низ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Масалан, дар соли 2005 теъдоди он?о 55 ?азор адад, соли 2006-ум ба 130 ?азор адад ва 11 мо?и соли 2007-ум 216 ?азор ададро ташкил кард.

Дар давоми сол ҳаҷми маблағгузории хурд дар кишвар қариб ду маротиба афзуд. Интизор меравад, ки ҳаҷми маблағгузории хурд дар соли 2008-ум бо дарназардошти зиёд гардидани амонатҳо аз ҳисоби маблағҳои интиқолдодаи шаҳрвандон, афзудани талаботи ҳадди ақали бонкҳо ва ҷалби сармоягузориҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ бештар хоҳад шуд.

Дар минтақаҳое, ки соли ҷорӣ маблағгузории хурд нисбатан кам сурат гирифт, афзудани он барои соли оянда дуюним маротиба ва дар ноҳияҳои дигар якуним маротиба дар назар дошта шудааст.

Илова бар ин, ҳоло Вазорати молия, Бонки миллӣ, "Амонатбонк" ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар соли 2008 ва минбаъд ҳаҷми маблағгузориро барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 2-3 маротиба зиёд намоянд.

Сифати хизматрасонии низоми бонкиро ба аҳолӣ баланд бардошта, механизми қарздиҳӣ соддаю оммафаҳм гардонида шавад. Барои ба аҳолӣ дастрас гардонидани қарз бонкҳои тиҷоратиро зарур аст, ки миқдори намояндагиҳои худро дар қаламрави мамлакат, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд намоянд.

 

 

Ғайр аз тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби амонатҳо ва манбаъҳои маблағгузории берунӣ, инчунин таъмини ҳифзи онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин, ба Ҳукумат, аз ҷумла ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, "Амонатбонк" ва бонкҳои тиҷоратӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати қарзҳо ва кам кардани фоизи онҳо, ҷалби ҳарчи бештари маблағҳо ба соҳаҳои истеҳсолии бахши соҳибкорӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, коркарди маъдан ва сохтмон тадбирҳои мушаххас андешанд ва аз натиҷаи корҳои суратгирифта ҳар сол гузориш диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, сохторҳо ва мақомоти дахлдор замина?ои ?онунгузориро оид ба содда кардани барасмиятдарории қарздиҳӣ ва гарав такмил дода, ?онуни Ҷум?урии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи ?арз?о (бюрои кредитӣ)"-ро таҳия намоянд.

Инчунин Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳар сол ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои дастгирии соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд ва бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда доир ба таъмини талаботи асосноки соҳибкорон ба қарзҳои дарозмуддат тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок ва хурд аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои додани қарзҳои хурд 10 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва ин иқдом дар соли 2008 идома ёфта, бо ин мақсад боз 10 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аз ҳисоби буҷети давлатӣ тавассути Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар соли ҷорӣ бо мақсади қарздиҳии фардӣ, ёрдампулиҳо, касбомӯзӣ ва хароҷоти дигари вобаста ба сиёсати шуғли аҳолӣ 4,6 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ, аз ҷумла рушди асалпарварӣ, боғу токпарварӣ, кирмакпарварӣ, мубориза бо ҳашароти зараррасон, хариди тухмии ғалладона, картошка ва чигит дар соли ҷорӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2008 ба ин мақсад 12 миллион сомонӣ равона мегардад.

Бо мақсади додани қарзҳои хурд ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ташкилотҳои молиявӣ дар ҳаҷми 36 миллион сомонӣ як қатор лоиҳаҳои қарзӣ, аз ҷумла, тибқи лоиҳаи рушди низоми маблағгузории хурд 18,6 миллион сомонӣ, барномаи рушди низоми маблағгузории хурд 13,8 миллион сомонӣ ва лоиҳаи маблағгузории хурд 3,5 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.

Барои додани қарзҳои хурд дар соли 2006 аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ 2,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Боварӣ дорам, ки дар амал татбиқ намудани тадбир?ои мазкур ба рушди соҳибкорӣ ва дастрас кардани захираҳои молиявӣ ба онҳо шароити мусоид фаро?ам меорад.

Хотиррасон месозам, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" барои фаъол гардонидани соҳаҳои иқтисодиёт, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии одилона, баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон, беҳбуди фазои инвеститсионии кишвар ва ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон ба сармоягузорӣ заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иқтисодӣ, муқаррар намудани соҳибони воқеии онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк" қабул гардид.

Ҷиҳати амалӣ намудани он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои дахлдор ташкил шуданд. Тартиби қонунигардонии молу мулк дар рӯзномаҳои расмӣ 30 октябри соли ҷорӣ нашр шуда буд. Ҷараёни қонунигардонии молу мулк аз 1 январи соли 2008 оғоз ёфта, 6 моҳ сурат мегирад.

 

Ин амал ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон имконият медиҳад, ки тамоми молу мулки худро озодона ба гардиши расмӣ ворид намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди соҳибкории занон, ки дар раванди вусъати соҳибкории ватанӣ мавқеи худро дорад, яке аз масъалаҳое мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба он таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир менамояд.

Чунки занони соҳибкор дар рушди соҳибкорӣ саҳми хоса доранд ва метавонанд дар ин раванд дастовардҳои худро бештар гардонанд.

Ҳамзамон бо ин, мо метавонем бо густариш додани соҳибкории занон масъалаи баробарҳуқуқии занону мардонро дар муносибатҳои иқтисодии кишвар таъмин намоем.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни занон Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тибқи қарори алоҳидаи худ "Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006 - 2010" ба занони соҳибкор ҳамасола ҷудо кардани 20 гранти Президенти Тоҷикистонро ба маблағи ҳар яке аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд.

Аз соли 2006-ум сар карда, тавассути грантҳо маблағгузорӣ шудани соҳибкории занон оғоз ёфт.

Дар ҷараёни татбиқи қарори мазкур соли гузашта дар доираи 20 барномаи грантӣ зиёда аз ду ҳазор нафар занону духтарон бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Ҳоло ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати афзоиш додани миқдори ин грантҳо ҳаҷми маблағгузориро барои соли оянда то 1 миллион сомонӣ зиёд намояд.

Ғайр аз ин, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати молия ва Бонки миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ҷалби занону духтарони хонашин ба касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ ва умуман ҳамаи навъҳои косибӣ ва корҳои дастӣ пешниҳодоти мушаххас таҳия намоянд.

Вобаста ба ин ва бо мақсади дастгирии косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба ташкили ассосиатсияи ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Албатта, ин тадбири ниҳоӣ нест ва мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки соҳибкорӣ дар байни занону духтарон, инчунин ҳунарҳои дастии халқамон вусъати тоза пайдо намояд.

Ҳоло мехоҳам доир ба яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бевосита бо фаъолияти соҳибкорӣ робита дорад, яъне масъалаи стандартизатсия ва сертификатсияи молҳо таваққуф намоям.

Дар айни замон дар кишварамон беш аз 14 ҳазор номгӯи маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ба сертификатсияи ҳатмӣ дахл дорад. Мувофиқи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон сертификатсияи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ пешбинӣ шудааст.

Аммо сертификатсияи ихтиёрӣ дар амал қариб вуҷуд надорад, зеро ҳамаи маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ба номгӯи сертификатсияи ҳатмӣ ворид карда шудааст.

Соҳибкорон дар бораи номгӯи маҳсулот ва кору хизматрасониҳое, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, инчунин дар бораи номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳодшаванда ва маблағҳои пардохташаванда иттилои зарурӣ надоранд.

Низоми кӯҳнашудаи меъёрҳое, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқат намекунанд, гаронии арзиши сертификатҳо ва тӯл кашидани ҷараёни гирифтани онҳо садди роҳи рушди тиҷорати хориҷӣ гаштааст.

Ин омилҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири манфӣ расонида, боиси баланд шудани нархи маҳсулот ва кору хизматрасонӣ мегарданд.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷоя бо Агентии "Тоҷикстандарт" расмиёти сертификатсиякунонии ҳатмиро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, дар бораи ихтисор намудани номгӯйи молу амвол ва кору хизматрасониҳое, ки ба сертификатсияи ҳатмии онҳо зарурат вуҷуд надорад, ҳамчунин доир ба ҷобаҷогузории кадрҳо ва чораҳои пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти стандартикунонӣ ва дигар сохторҳои назоратӣ пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

Бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи сиёсати хусусигардонии моликияти давлатиро пеш гирифта буд.

Дар марҳалаи хусусигардонӣ, яъне аз соли 1991-ум то ҳол дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор адад моликияти давлатӣ хусусӣ гардонида шуд, ки ин 95 фоизи иншооти давлатии хусусишавандаро ташкил менамояд. Аз ин миқдор 8900 адад иншооти хурд ва 1100 адад иншооти миёнаву калон мебошад.

Хусусигардонӣ ҳоло натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Таҳлили ҳолатҳои воқеӣ ва молиявии корхонаҳои хусусишуда собит месозад, ки аз ҳамаи корхонаҳо ва иншооти хусусишуда ҳоло 6200 адади онҳо фаъолият доранд, ки ин беш аз 73 фоизро ташкил медиҳад.

Баъди хусусигардонии моликияти давлатӣ иловатан зиёда аз 31 ҳазор нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойҳои нави корӣ шудаанд.

Инчунин дар аксари муассисаҳои хизматрасонии хусусигашта шумораи коргарон нисбат ба солҳои пеш аз 25 то 85 нафар афзудааст, ки ин то андозае ба паст шудани сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд.

Албатта ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро фаъолияти на ҳамаи корхонаҳои хусусишуда самаранок мебошад. Қисми дигар умуман фаъолият намекунанд.

Вақти он расидааст, ки дар муддати кӯтоҳтарин соҳибмулкон ҷиҳати фаъол гардонидани истеҳсолот дар корхонаҳои худ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода мешавад, ки нисбат ба корхонаҳое, ки аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд, дар доираи талаботи қонунгузорӣ расмиёти муфлисшавӣ ва дигар муқаррароти қонунро истифода намоянд.

 

Дар баробари ин, лозим аст, ки ба раванди таҷдиди сохтори корхонаҳои саноатӣ суръат бахшида, як қисми саҳмияҳои корхонаҳои саноатӣ бо мақсади ҷалб намудани инвеститсияҳо равона карда, дар ин замина барои густариши истеҳсолоти рақобатпазир имконият фароҳам оварда шавад.

Вазъи имрӯзаи рушди соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки дар самти баланд бардоштани маърифатнокӣ, дастрасии соҳибкорон ба иттилооти зарурӣ ба дастгирии давлат ниёз доранд.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии соҳибкорон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба ташкили марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Бо истифода аз фурсат ҳоло мехоҳам дар бораи баъзе камбудиву норасоиҳое сухан гӯям, ки бартараф шудани онҳо ва риояи қонуният ба фаъолияти шумо - соҳибкорон вобаста аст.

Зеро дар мамлакатамон ҳодисаҳои аз ҷониби баъзе соҳибкорон риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, бахусус маводи ғайристандартӣ, рӯйпӯш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, бо мақсади пинҳон намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибавӣ бисёр ба назар мерасанд. Қисме аз онҳо ҳатто бо роҳи додани пора кӯшиш мекунанд, ки қонуншикании худро рӯйпӯш намоянд.

Аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсия муайян карда шудааст, ки бо мақсади насупоридани андозҳо ва саркашӣ аз пардохти онҳо баъзе соҳибкорон ба ҳар гуна қонуншиканиҳо даст мезананд.

Соли ҷорӣ дар натиҷаи санҷиши фаъолияти андозсупории ширкату корхонаҳои хусусӣ рӯйпӯш намудани андозҳо ба маблағи 45,3 миллион сомонӣ ошкор карда шуд.

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар давоми сол аз субъектҳои соҳибкорӣ дар маҷмӯъ дар ҳаҷми беш аз 36 миллион сомонӣ маблағи андозҳои пардохтнагардида рӯёнида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 21 миллион сомонӣ зиёд аст.

Вобаста ба риоя накардани қонунгузории андоз 9 парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо фиристода шуда, гунаҳкорон ҷазо гирифтанд.

Барои бемасъулиятӣ ва қонуншиканӣ, инчунин сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ 110 нафар кормандони мақомоти андоз ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Ғайр аз ин, дар давоми сол ба андозаи зиёда аз 10 миллион сомонӣ зиёни моддие, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории гумрук аз ҷониби соҳибкорон расонида шудааст, барқарор карда шуд.

Аксарияти соҳибкороне, ки бо воридоти молу маҳсулот машғуланд, бо мақсади ба даст овардани даромади бештар ба кишвар маҳсулоти бесифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузаштаро ворид мекунанд ва дар ин кор ба онҳо ҳатто баъзе ашхоси мансабдори мақомоти назоратӣ кӯмак мерасонанд.

Онҳо молҳоеро ворид мекунанд, ки дар мамлакати истеҳсолкунандаашон харидор надоранд. Ҳатто баъзе соҳибкорон молу маводеро ба Тоҷикистон меоранд, ки истифодаи онҳо на фақат зарари моддӣ, балки барои саломатии истеъмолкунандагон ва гузашта аз ин, барои генофонди миллат ва амнияти давлат хатарнок аст.

Дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятии иборат аз шаҳрвандони хориҷие боздошт гардиданд, ки бо мусоидати шахсони алоҳидаи мақомоти назоратӣ бо воридот ва фурӯши маҳсулоти озуқаи пастсифат машғул буданд. Дар ҷараёни ташхиси лабораторӣ дар таркиби маҳсулоти онҳо мавҷудияти бактерияҳои ба саломатии инсон хатарнок муайян карда шуд.

Чунин ҳодисаҳо дар фаъолияти дигар корхонаҳои саҳҳомии кишвар низ ошкор гардидаанд.

 

Танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони алоҳидаи ватанию хориҷӣ ба кишвар ворид намудани 23 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 26 тонна равған ва маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 3 ҳазор тонна гандум, 6 ҳазор декалитр нӯшокиҳои спиртӣ, 2700 декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 350 тонна шакар ва шириниҳои дигар, инчунин даҳҳо намуди дигар маҳсулоти озуқаи ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот хориҷ карда шуданд.

Дар давоми солҳои 2004-2007 Маркази назорати давлатии фармасевтӣ ва тиббии Вазорати тандурустии кишвар қариб 30 ҳазор килограмм маводи доруворӣ ва санитариву гигиение, ки ба стандартҳо ҷавобгӯй набуда ва мӯҳлати истифодабариашон гузаштаи аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба фурӯш баровардашуда ошкор ва нобуд кардааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воридкунии маҳсулоти ғайристандартӣ ба кишвар тамоюли афзоиш дорад. Дар соли 2004-ум аз миқдори умумии хӯроквории ташхисшуда маҳсулоти ғайристандартӣ 6 фоизро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 7 фоиз расидааст.

Сифати маҳсулоти озуқае, ки дар мамлакатамон истеҳсол карда мешаванд, низ беҳбудии куллиро тақозо дорад. Баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ бе истифодаи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ, стандартҳо, мутахассисон, шароити мувофиқи истеҳсол ва баъзан пинҳонӣ ба истеҳсолот машғул мешаванд. Танҳо соли ҷорӣ зиёда аз як ҳазор гурӯҳи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла панир, маҳсулоти гӯштӣ, хамирӣ ва машрубот ғайристандартӣ дониста шудааст.

Ба Тоҷикистон ворид кардани дигар маводи ғайриозуқаи пастсифат низ ба назар мерасад, ки хатари ҷиддӣ дорад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон ба мамлакат 218 ҳазор тонна семент ворид карда шудааст, ки дар натиҷаи ташхис ба стандарту талабот ҷавобгӯ набудани беш аз 11 ҳазор тоннаи он ошкор гардид.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе якчанд сехҳои арматурбарорие муайян карда шудаанд, ки бо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият дошта, маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ истеҳсол мекунанд. Истифодаи чунин масолеҳ дар сохтмон хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамзамон бо ин, ҳодисаҳои аз тарафи соҳибкорон дидаю дониста, фиреб додани истеъмолкунандагон низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, чунин ҳолатҳо дар фурӯши бензини маркаи паст ба ҷои маркаи қиматтар ва озуқаворие, ки мӯҳлати истеъмолашон гузаштааст, ғайристандартӣ, бе асноди молӣ ва бе аксиз мебошанд, хеле зиёданд.

Дар давоми соли ҷорӣ мақомоти ваколатдори назорати давлатии сифат барои риоя накардани меъёрҳо ва стандартҳо, қоидаҳои савдо ва поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардан ва фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям ба 1275 субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба маблағи беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Баъзе ширкатҳои хусусӣ ва шахсони инфиродӣ ба таври қочоқ маснуоти тилловорӣ, шикастапора ва партовҳои металлҳои сиёҳу рангаро ҳам интиқол медиҳанд. Муайян гардидааст, ки зиёда аз 180 ширкату шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон бо ҷамъоварӣ, хариду фурӯш ва коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга машғуланд.

Аз соли 2000-ум бо интиқоли оҳанпораҳо 85 ширкати хусусӣ машғул аст, ки 50 фоизи онҳо бе иҷозатномаи махсус фаъолият дошта, дар ягон шаҳру ноҳия ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашудаанд.

Ба мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки дар бобати пешгирии фаъолияти ғайриқонунии чунин корхонаҳо тадбирҳои таъхирнопазир ва муассир андешанд.

Ҳарчанд ки ба кишвар ворид кардани маҳсулоти пиротехникӣ манъ карда шудааст, вале баъзе соҳибкорону тоҷирони мо ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ воридоти чунин молҳоро бо роҳи қочоқ анҷом медиҳанд. Ҳамин аст, ки танҳо дар давоми чанд моҳи соли ҷорӣ кормандони Хадамоти гумрук қариб якуним миллион адад ва Вазорати корҳои дохилӣ 3 миллиону 900 ҳазор адад маснуоти пиротехникиро мусодира кардаанд ва 9 нафар соҳибкорро ба ҷазои интизомӣ кашидаанд.

 

Ҳамчунин илова бояд кард, ки баъзе ширкатҳои хусусӣ дар амал бо ягон фаъолияти истеҳсоливу тиҷоратӣ машғул нашуда, танҳо бо амалиёти нақдикунонии маблағҳои давлатӣ сарукор доранд.

Дар ин маврид аз 4 то 20 фоизи маблағҳои нақдигардонидашуда ба шахсони мансабдори ширкатҳо дода шуда, аз 80 то 96 фоизи маблағи боқимондаро шахсони мансабдор азхуд менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки аз таҳлилҳои боло маълум мегардад, низоми амалкунандаи дастгирии соҳибкорӣ дар кишварамон тадриҷан такмил меёбад. Мақсади асосӣ аз дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушди бомаром ва бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мебошад.

Сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба ҳаллу фасли масъалаҳои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳое равона гардидааст, ки садди роҳи густариши он мебошанд.

Инчунин вусъати дастрасии соҳибкорон ба манбаъҳои қарз, афзоиши теъдоди сохтору институтҳои молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии молиявӣ ва амсоли онҳо дар ин самт аз масъалаҳои асосӣ мебошанд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани робитаи роҳбари давлат бо шумо - соҳибкорони мӯҳтарам, мунтазам баррасӣ намудани масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар рушди он дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ ташкил шудааст.

Мақсади ташкили Шӯро ҳамкории бевосита бо шумо мебошад. Дар он намояндаҳои соҳибкорон ширкат варзида, фикру ақидаҳои шуморо ҳар семоҳа ба ман мерасонанд.

Ин намояндаҳо аз ҷониби шумо пешниҳод мешаванд ва зарур аст, ки онҳо дорои қобилияти баланди баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳои афзалиятнок бошанд.

Дар шароити рақобати шадиди иқтисодии кишварҳо вазифаи асосии мову шумо имрӯз аз он иборат аст, ки дар баробари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти зарурии истеҳсоли ватанӣ ва кору хизматрасонии рақобатпазир Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо молу маҳсулоти хушсифат ва бозоргир муаррифӣ намоем.

Мову шумо аз ӯҳдаи ин вазифаи миллӣ дар мавриде баромада метавонем, ки халқу Ватани худро самимона дӯст дошта, садоқати худро бо азму талоши созанда, ташаббускориву эҳсоси масъулият барои пешрафту ободии кишвар, инчунин фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми худ зоҳир намоем.

Тавре ки шумо медонед, мо доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ қонуни алоҳида қабул кардем.

Ҳадафи асосии мо аз ин иқдом пешгирии сарфу харҷи беҳуда ҳангоми гузаронидани маъракаҳо аст, ки ба сари мардуми кишварамон мушкилоти гарони иқтисодиро пеш меоварданд.

Бори дигар таъкид месозам, ки дар баробари тамоми мардуми Тоҷикистон соҳибкорон низ барои риояи ҳатмии Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" масъулияти ҷиддӣ доранд, зеро ҳар як фарди худогоҳу худшинос, бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст вазифадор аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба мардум ва ободиву осудагии Ватани хеш кӯшиш намояд.

Муҳимтарин нишонаи одамият доштани донишу хирад, ахлоқи писандида ва амали хайр аст. Ин се асл инсонро комил гардонида, боиси номи нек ва маҳбубияти ҳар як шахси мусулмон мегардад.

Бинобар ин, соҳибкорони мо дар баробари дигар корҳои наҷибашон, пеш аз ҳама бояд дасти эҳсони худро ба ятимону бепарасторон, маъюбону пирони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кушоянд, зеро бузургони оламшумули мо аз таҷрибаи рӯзгори худ гуфтаанд, ки "то дасти сахои хешро ба дигарон боз накунӣ, худо ба ту рӯзии зиёд намедиҳад".

Ин ҳикмат ифодакунандаи некӣ ва адолат аст, зеро некӯкорӣ кардан, дили ятимеро ба даст овардан ва дуои хайри мӯйсафедонро гирифтан аз бузургтарин корҳои хайру савоб маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, шумо бояд дар амалӣ кардани корҳои неку савоб ҳамеша намунаи дигарон бошед.

Дар баробари ин, соҳибкорони бонангу номус ва баландҳиммати мо бо истифода аз имкониятҳои худ метавонанд дар сохтмони синфхонаву мактабҳои нав, таъмири мактабҳои мавҷуда, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва харидориву таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо асбобу анҷоми хониш саҳми арзанда ва ватандӯстона гузоранд.

Зеро ин ҳама ба тарбияи насли нави босаводу бомаърифат, забондону ботарбия ва аз лиҳози ҷисмонӣ обутобёфтаву солим мусоидат карда, дар ниҳояти кор ба пешрафту ободии Тоҷикистон ва афзоиши обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ боис мегардад.

Рамзи нек аст, ки мулоқоти имрӯзаи мо ба арафаи Соли нави 2008 рост омадааст. Аз фурсати муносиб истифода карда, ҳамаи шуморо бо фарорасии ин иди фараҳбахш табрик мегӯям ва ба аҳли хонаводаи ҳар кадоматон некрӯзӣ орзу менамоям.

Истиқболи соли нав айёми ҷамъбасти натиҷаҳои кору фаъолияти яксола ва муайян намудани вазифаҳои нав буда, мардумро ба тарҳрезии нақшаҳои нек ва корҳои созанда ҳидоят менамояд.

Соли оянда мо ният дорем, ки 1150-солагии зодрӯзи султони шоирони тоҷику форс - устод Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикиро дар сатҳи баланд таҷлил намоем. Ин ҳодисаҳои бузурги фарҳангӣ мояи ифтихори ҳар фарди бонангу номуси миллат, аз ҷумла соҳибкорон мебошад.

Аз ин рӯ, бо саҳми арзанда истиқбол намудани онҳо вазифа ва қарзи ҳар кадоми мост.

Умед аст, ки барои ҳар хонадони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз ҷумла шумо - соҳибкорон Соли нави 2008-ум соли пурфайзу бобаракат хоҳад омад ва ба ҳамаатон дар роҳи рушди Ватани азизамон қувваю илҳоми нав бахшида, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон нақши арзанда ва нек хоҳад гузошт.

Дар охир ба ҳамаатон тандурустиву хушбахтӣ ва ба фаъолияти ҳамаи шумо ба манфиати давлату миллат ва ободии Тоҷикистони азизамон дастовардҳои тоза орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520