Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Ҷиликӯл, Шӯрообод ва шаҳри Сарбанд

21.12.2007 09:00, шаҳри Душанбе

Раисони ноҳияҳои Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Ҷиликӯл, Шӯрообод ва шаҳри Сарбанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбурда оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ, истифодаи босамари заминҳо, тезондани кишти тирамоҳӣ, вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ, компютеркунонии мактабҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва доир ба рушди боғдорию картошкапарварӣ шунида шуд.

Раиси шаҳри Сарбанд бештар оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ ҳисобот дод. Дар ҳисоботи ӯ зикр гардид, ки соли равон дар шаҳр ба ҳаҷми умумии қариб 76 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, 293 ҷойи нави корӣ муҳайё гашт. Музди миёнаи кормандони соҳаҳои саноат ва сохтмон 265 сомониро ташкил додааст. Таъкид гардид, ки соли оянда дар шаҳр як корхонаи истеҳсоли семент ва як коргоҳи ресандагӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Ҷиликӯлу Фархор ҳамчунин ба масоили афзоиши кишти сабзавоти барвақтӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди бахшҳои боғдорию картошкапарварӣ ба раисони ҳамаи ноҳияҳои мазкур ва хусусан ба раисони ноҳияҳои Шӯроободу Ховалинг дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520