Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷопон

06.12.2007 08:00, Япония

Аз 2 то 6 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, анҷом додани як қатор мулоқотҳои судманд бо роҳбарияти Ҷопон ва бо намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию кишварҳои дигари дар саммит иштирокдошта дар шаҳрҳои Беппу ва Токиои ин кишвар қарор дошт.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Беппуи Ҷопон маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ҷараён гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷопон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистони навинро расман эътироф намуда, барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунсамти дуҷониба ва бисёрҷониба тадбирҳои зиёд андешидааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон аз соли 1992 оғоз ёфта, ҳамкориҳои онҳо то имрӯз пайваста рушду густариш меёбанд.

Ду маротиба бо даъвати расмии Ҳукумати Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари тулӯи офтоб сафарҳои корӣ анҷом дода, ба раванди таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшидааст.

Бори аввал Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2001 сафар карда, бо Императори Ҷопон Акихито ва Сарвазири онвақтаи он Дзюнитиро Коидзуми мулоқотҳои судбахш анҷом дода буд. Натиҷаи асосии ин сафар Изҳороти муштарак оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ гашт, ки дар сатҳи олӣ ба имзо расида буд.

Бори дуюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2003 сафар дошт, ки зимни он дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии "Оби тоза" иштирок намуда, масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро дар мулоқот бо Сарвазири ҳамонвақтаи Ҷопон Дзюнитиро Коидзуми мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода буд. Маҳз дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии "Оби тоза" дар шаҳри Киотои Ҷопон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба солҳои 2005-2015 -ро Даҳсолаи "Об барои ҳаёт" эълон намудан дастгирӣ ёфта, аз ҷониби СММ қабул гашта буд. Хотиррасон мекунем, ки "Соли оби тоза" эълон гаштани соли 2003 - юм низ бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гашта буд.

Ҳайатҳои баландпояи Ҷопон низ чандин маротиб ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Натиҷаи ин робитаҳои судбахш аст, ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон ва амалӣ намудани тадбирҳои пурсамар ёриҳои зиёди техникию молиявӣ расонда мешавад.

Субҳи рӯзи 3 декабри соли равон саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Маркази конфронсҳои байналмилалии шаҳри Беппуи Ҷопон ба кори худ шурӯъ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии саммит баррасӣ намудани мушкилоти вобаста ба об дар минтақа, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд, ба роҳ мондани гуфтугӯи босамари роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва муайян кардани амалҳои мушаххас барои ҳар як кишвари алоҳида маънидод мегардад.

Ба кори саммит роҳбарият ва намояндагони 49 давлат ва беш аз 10 созмони байналмилалию минтақавӣ даъват шуда буданд. Дар рӯзи аввали он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 10 кишвари минтақа ва намояндагони воломақоми ҳамаи кишварҳои иштирокчии форум ширкат намуданд.

Саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором бо суханҳои ифтитоҳии Раиси Кумитаи тадорукоти он собиқ Сарвазири Ҷопон Йоширо Мори, Шоҳзодаи валиаҳди Ҷопон Нароҳита ва Сарвазири Ҷопон Ясуо Фукуда оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи саммит ҳамчунин муроҷиати видеоии Муншии Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба иштирокчиёни он намоиш дода шуд.

Дар қисмати асосии саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати фаъол ва ташаббускори масоили об ва Президенти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аввалин шуда, барои суханронӣ ба минбари ин Форуми бонуфузи минтақавӣ даъват карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки маҳз дар Ҷопон соли 2003 зимни Форуми сеюми умумиҷаҳонии Об пешниҳоди Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи Байналмилалии "Об барои ҳаёт" эълон шудани солҳои 2005-2015 ба миён гузошта шуда буд, ки аз ҷониби беш аз 140 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани шабакаи ҳамшарикии Форуми Оби Осиё ва Уқёнуси Оромро натиҷаи дар ин минтақаи бузурги сайёра дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи "Соли оби тоза" эълон намудани соли 2003 ва Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" эълон гаштани солҳои 2005-2015 маънидод кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон тамоюли равандҳои ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об аз нархи нафту газ, ангишт ва дигар захираи зарурии ҳаёти инсон метавонад боло равад.

Дар суханронӣ ҳамчунин изҳори таассуф карда шуд, ки ҳамарӯза дар ҷаҳон наздики 4 ҳазор кӯдак аз истеъмоли оби бесифат ҳалок мешавад ва беш аз як миллиард одамон умуман ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

Боназардошти он, ки чунин ҳолатҳо танҳо дар кишварҳои қафомонда ба чашм мерасанд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар назди сохтори Кумитаи СММ оид ба захираҳои обӣ фондҳои фавқулоддаи минтақавию байналмилалӣ барои кӯмак расондан ба ин кишварҳо таъсис дода шаванд.

Ба хотири амалӣ намудани яке аз бандҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки он ду баробар кам кардани шумораи одамони ба оби тозаю бехатар дастрасӣ надошта мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Ҳамшарикии обии кишварҳои пешрафта созмон дода шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намудани кишварҳои қафомонда бояд ба вазифаҳои асосии нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" табдил ёбад.

Барои баррасии ин масоил дар сатҳи байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки конфронси махсуси Ассамблеяи генералии СММ дар сатҳи вазирон даъват карда шавад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки барои ҳаллу фасли босамари мушкилоти обии сайёра Конвенсияи Байналмилалии Об таҳия ва қабул гардад.

Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон вобаста ба болоравии тавоноии иқтисодии худ сол то сол маблағгузории соҳаи обро афзоиш медиҳад. Дар суханронӣ рушди соҳаи гидроэнергетика самти афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки рушди ин соҳа метавонад бо нерӯи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарари барқ ва ҳамчунин бо оби ошомиданию мелиоративӣ натанҳо худи Тоҷикистон, балки бисёр кишварҳои минтақаро таъмин намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро оид ба истифодабарии доимии оби тозаи кӯли Сарез барои таъминоти 30- 40 миллион аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин саммити бонуфуз ба миён гузошта, ҳамаи кишварҳою созмонҳои манфиатдорро ба ҳамкорӣ баҳри татбиқи амалии ин ва дигар иқдомоти судбахши Тоҷикистон даъват намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ва қабули қарорҳои зарурӣ дар ин самт намояндагони ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро даъват намуд, ки тобистони соли оянда ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Дар робита ба кори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бошад, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба ин созмон мақоми муассисаи назди Созмони Милали Муттаҳид дода шавад ва ҳавзаи ин баҳр минтақаи афзалиятноки татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола эълон гардад.

Дар охири суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Оромро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, таклиф кард, ки муассисаи барои Осиёи Марказӣ таъсисёбандаи он дар шаҳри Душанбе ҷойгир карда шавад.

Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии кулли иштирокчиёни саммит қарор гирифт.

Дар ин ҳамоиши бузург ҳамчунин роҳбарони давлатҳою ҳукуматҳои кишварҳои дигари минтақа ва намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ суханронӣ намуда, оид ба роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти обии сайёра андешаронӣ карданд.

Баъди анҷоми ҷаласаи пленарии саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Котиботи Стратегияи Байналмилалии СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ Салвано Брайсено мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Салвано Брайсено ва муассисаи мазкури СММ барои дастгирии лоиҳаҳои муҳим дар кишвари мо арзи сипос кард.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи СММ атрофи зарурати таҳия ва табиқи муштараки стратегияи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон заминаи моддию техникӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа мавҷуданд, вале имкониятҳои молию технологии он айни ҳол барои мустақилона анҷом додани чунин корҳо нокифояанд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи мавриди истифода қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва оби мусаффои кули Сарез мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Салвано Брайсено даъвати Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо хушнудӣ пазируфт.

Салвано Брайсено пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҷаласаи пленарии саммит баён гаштанд, бисёр муфиду саривақтӣ номида, таъкид дошт, ки СММ онҳоро мавриди омӯзишу баррасии ҷиддӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҳошияи саммити мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Директори Генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкориҳоро бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки бо дастгирии он як қатор лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маорифи кишвари мо амалӣ мегардад.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО баҳри ба феҳристи осор ва санаҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ ҳамроҳ намудани мавзеи таърихии "Аҷина-теппа", ҷашнҳои 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин бо боварӣ таъкид доштанд, ки масоили эътирофи байналмилалии осори таърихию фарҳангии Саразм, Тахти Сангин, Бунҷакат, Хоҷӣ Машҳад, Боғи миллии Тоҷикистон, санъати "Фалак", рақсҳои бадахшонӣ ва сурудҳои водии Зарафшон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Директори генералии ЮНЕСКО ҳамчунин бо боварӣ изҳор дошт, ки масъалаи ба феҳристи осори фарҳанги умумиҷаҳонӣ ворид гаштани мавзеи таърихии Саразм дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Директори Генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура даъват намуд, ки ба ҷашни 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Коичиро Матсуура аз мӯҳтавои пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саммит изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки созмони ЮНЕСКО барои амалӣ намудани пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кӯли Сарез кӯмаки техникии худро мерасонад.

Дар шаҳри Беппуи Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ мулоқоти пурмӯҳтаво анҷом дод.

Ҷонибҳо аз ҷараёни корҳо дар нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, ки бо ёрии молиявӣ ва техникию технологии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад, изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон ва Эрон, бунёди роҳҳою нақбҳои мошингард, бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда дар нақби Истиқлол табодули назар карданд.

Сайид Парвизи Фаттоҳ пешниҳодҳои дар саммит баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дорои аҳамияти бузург барои кулли кишварҳои минтақа маънидод карда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иқдомоти неку пурманфиати Тоҷикистон ҳамеша дастгирӣ мекунад.

Субҳи рӯзи 4 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи махсуси ин саммит, ки ба масоили фоҷиаи баҳри Арал бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал оид ба кори сохторҳои фонди мазкур баҳри ҳаллу фасли мушкилоти минтақаи ин баҳри хушкшаванда ахборот дода, чанд омилҳоро номбар намуд, ки дар ҳолати ислоҳ накардани онҳо вазъият боз ҳам бадтар мешавад.

Суръати баланди афзоиши аҳолӣ, обшавии пиряхҳо ва захираҳои барф дар сарчашмаи дарёҳои асосии минтақа ва фарсудагии шабакаҳои обёрикунӣ ва иншооти гидротехникӣ, ки барқарорсозиашон маблағҳои калонро талаб мекунад, аз ҷумлаи чунин омилҳо номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз омода гаштани "Нишондиҳандаҳо ба Консепсияи минтақаи Осиёи Марказӣ дар заминаи мавзӯъҳои афзалиятноки Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором", ки аз ҷониби мутахассисони Осиёи Марказӣ ва Кавказ таҳия гаштааст, изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар доираи ҳамгироиҳои минбаъда бо Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ин санад ба доктринаи обӣ бо ӯҳдадориҳои мушаххас баҳри маблағгузории соҳаи об ва идораи офатҳои табиӣ табдил дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои дар ҳамоиши калони саммити мазкур эълондоштаашро хотиррасон намуда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо мавриди дастгирии васеъ қарор гирифта, ба ҳаллу фасли босамари мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат мекунанд.

Баъди анҷоми иҷлосияи махсуси масоили фоҷиаи баҳри Арал Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба масоили об Луис Фошон мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Конвенсияи байналмилалии об, даъват намудани Иҷлосияи махсуси СММ оид ба масоили об ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ин масоил, ки тобистони соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дарвоқеъ вақти он расидааст, ки масоили об дар сатҳи Ассамблеяи генералии СММ баррасӣ шаванд.

Луис Фошон бо қаноатмандию хушнудӣ пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфиду саривақтӣ маънидод карда, изҳор дошт, ки Шӯрои чаҳонӣ оид ба масоили об онҳоро мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор медиҳад.

Луис Фошон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар Форуми ояндаи ҷаҳонӣ оид ба масоили об, ки моҳи марти соли 2009 дар шаҳри Стамбули Ҷумҳурии Туркия баргузор хоҳад шуд, иштирок намояд.

Мулоқоти судманди дигар дар ин мавзӯъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи тадорукоти он, собиқ Сарвазири Ҷопон Йоширо Мори анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ барои даъват ба саммит ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ баҳри баррасии масоили об, ки барои Тоҷикистон ва кулли сайёра аҳамияти ҳаётӣ доранд, арзи сипос кард.

Йоширо Мори ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти глобалӣ ва минтақавии вобаста ба об баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки аз ҷониби Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва ҳамчунин аз ҷониби Ҷопон баҳри татбиқи амалии онҳо ва ҳамчунин нақшаҳои соҳаи об дар худи Тоҷикистон тадбирҳои судбахш андешида хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси саммити Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Йоширо Мори-ро даъват намуд, ки тобистони соли оянда барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Баъди иҷлосияи махсуси масоили фоҷиаи баҳри Арал ва ду мулоқоти пурмӯҳтаво Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани барномаи сафари расмии худ ба Ҷопон аз шаҳри Беппу ба Токио рафт.

Нимаи дуюми рӯзи 4 декабр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Токио Мушовири махсуси Сарвазир, намояндаи Парлумони Ҷопон Кёко Накаямаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот атрофи роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри афзоиш додани самту соҳаҳои ҳамкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва технологияҳои Ҷопон ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.

Кёко Накаяма, ки дар гузаштаи наздик Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон буд, худро аз дӯстони кишвари мо мешуморад ва бинобар гуфтаи ӯ барои таҳкиму густариши муносибатҳои ду давлат саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар шаҳри Токио ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаи мустақим бо соҳибкорону тоҷирони Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти озоду самимӣ бо намояндагони сохторҳои соҳибкории ин кишвар доир намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди макроиқтисодии кишвар ва муҳайё гаштани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ иттилоъ дода, онҳоро ба ҳамкории босамар бо соҳибкорони мо даъват намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани сиёсати мусоиди иқтисодӣ дар зарфи 5 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 50% афзоиш ёфта, қисми даромади Буҷети давлатӣ 5 маротиб зиёд шуд. Ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар соли 2006 31%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод, ҳол он ки соли 2001 ин нишондод 108%-ро ташкил медод.

Захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ва нерӯи кории мардуми меҳнатдӯсти он дар якҷоягӣ ба сармоя ва технологияҳои японӣ имкони хуби ҳамкорӣ ва ишғол намудани ҷойгоҳи сазовор дар бозори бузурги Осиёи Марказӣ ва атрофи он маънидод гардид.

Президенти мамлакатЭмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори онҳо посух дода, таъкид намуд, ки барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ҷопон дар Тоҷикистон ҳамаи шароити матлуб таъмин карда мешавад.

Зимни суолу ҷавобҳо аз ҷумла аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон ҳамчун омили таҳкимбахши робитаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасии мавзӯъ бо соҳибкорони Ҷопон аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода идома ёфт.

Намояндагони беш аз 50 ширкатҳои бонуфузи Ҷопон, ки дар мулоқот ширкат доштанд, бо лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, муфассал шинос карда шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорони Ҷопон баҳри ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Субҳи рӯзи 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Акихито мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон Акихито барои муҳайё намудани шароити баргузории саммити минтақавии об изҳори сипос намуда, ин иқдомро нишонаи таваҷҷӯҳи хосси давлати Ҷопон ба мушкилоти глобалии вобаста ба об маънидод кард.

Дар вохӯрӣ ба масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.

Императори Ҷопон Акихито изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ба густариши муносибатҳои судманди ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Император Акихито барои дастгирии Ҷопон аз бисёр лоиҳаҳои муҳимми Тоҷикистон миннатдорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд ба сатҳи сифатан нав баромада, самтҳо ва ҳаҷми ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш афзоиш меёбанд.

Таъкид гардид, ки ширкатҳои японӣ метавонанд бо истифода аз захираҳои фаровони ашёи хом ва нерӯи арзони корӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатии худро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Ясуа Фукуда маҷмӯи васеи масоили ҳамкории иқтисодию технологии ду кишвар ба тавраи муфассал мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Тоҷикистон нақши Ҷопонро дар ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, онро шарики муҳимми худ медонад", таъкид дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвазири Ҷопон Ясуа Фукуда изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди робитаҳои байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мавқеи муҳим дорад ва Ҷопон манфиатдор аст, ки муносибатҳои худро бо кишвари мо таҳкиму тавсиа бахшад.

Ҷонибҳо аз ҷараёни татбиқи босамари гуфтугӯи "Ҷопон + Осиёи Марказӣ" изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро баҳри идомаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Мубодилаи судманди афкор атрофи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди байни Тоҷикистону Афғонистон бо фарогирии қитъаи роҳи Дустӣ - Панҷ - Фархор - Гулистон, бунёди "бандари озоди дохилӣ", маркази ташхиси хун ва сохтмону таҷдиди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сурат гирифт.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҷалби васеи сармоя ва технологияҳои японӣ ба Тоҷикистон баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ гуфтугӯ намуда, дар Тоҷикистон вуҷуд доштани захираҳои фаровони ашёи хом, нерӯи арзони корӣ ва бозори фурӯши маҳсулотро аз омилҳои мусоид барои ин кор маънидод карданд.

Соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди газу нафт, маъданҳои кӯҳӣ ва махсусан соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар маънидод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷопон Ясуа Фукуда даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф орад.

Тафсилоти баъзе аз ҷанбаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Масахико Коумура баррасӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки ҳамчунин дар таҳкиму густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми намоён мегузорад, баҳои баланд дод.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили оромию суботи Осиёи Марказӣ, таъсири манфии авзои Афғонистон ба минтақа ва мусоидати Тоҷикистону Ҷопон ба таҳкими эътидол ва барқарорсозии баъдиҷангии ин кишвари азияткашида табодули назар карда шуд.

Дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Токио бо хабарнигори Агентии иттилоотии "NIKKEI", ки яке аз машҳуртарин нашриёти матбуоти таҳлилии соҳаи иқтисод, молия ва саноати Ҷопон буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамтои "Finencial Times" ва "Wold Street Journal" ба шумор меравад, мусоҳиба орост.

Зимни ин сӯҳбат ба мавзӯъҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии давлати мо, авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тиҷорати наздисарҳадӣ ва ба дурнамои муносибатҳои умедбахши байни Тоҷикистону Ҷопон дахл карда шуд.

Мусоҳибаи мазкур боиси истифодаи босамар қарор гирифтани минбари чунин агентии бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ барои муаррифии имконоти ҳамкории иқтисодию технологии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир гашт.

Бо ҳамин барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ин кишвари тулӯи офтоб ба поён расид.

Қобили таъкид аст, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон дар воситаҳои ахбори умуми ин кишвар ва расонаҳои хабарии минтақавию ҷаҳонӣ васеъ инъикос гардид.

Зимни ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути пешниҳодҳои актуалию саривақтиаш, ки мавриди дастгирию пуштибонии аксари кулли иштирокчиёни саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором қарор гирифт, дар роҳи баррасии минтақавию глобалии масоили оби тоза ва масъалагузориҳои барои тамоми ҷаҳон пурманфиат қадамҳои намоёну устувор гузошта, бори дигар собит намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти умумиҷаҳонӣ нақши намоён мегузорад.

Дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон низ зимни ин сафар натиҷаҳои судманд ба даст омаданд.

"Ҷопон ба таҳкиму тавсиа бахшидани муносибатҳои худ бо Тоҷикистон манфиатдор аст" изҳор доштани Сарвазири он Ясуа Фукуда худ гувоҳӣ аз ояндаи неку умедбахши ҳамкориҳои ду кишвар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520