Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин

01.10.2014 09:48, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Син  Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол  дошт,  ки дар  он,  аз ҷумла,  чунин  гуфта  мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби  Раис,

65  умин  солгарди  рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин ба ман имконияти  гуворо  мебахшад, ки  Шумо  ва  ҳамаи халқи  дӯсти  Чинро  бо  ин воқеаи  фархунда  сидқан муборакбод  намоям.

Хурсандибахш аст, ки Чини  дӯст  дар  ин   давра  дар  амри  рушди  иқтисодиёт ва шукуфоии  фарҳангу  маориф  муваффақиятҳои  таъсирбахш  ба даст  овард. Чин  дар  арсаи  ҷаҳон  эътибори  шоиста  касб  намуда, барои  таъмини  сулҳ ва амнияту   суботи  ҷаҳон ҷаҳд мекунад. Мо чун  дӯстони  нек  аз  ин  дастовардҳо  ҳамроҳи  Шумо аз  таҳти  дил  шод  мегардем.

Муносибатҳои ҳамсоягии  нек ва  дӯстона бо  Чин  ҳамеша  авлавиятҳои  асосии   хориҷӣ  буданд  ва  мебошанд. Мо онҳоро  ба  дараҷаи баланд қадру эҳтиром  карда,  барои  таҳкиму  густариши   минбаъдаи   муносибатҳои  мушорикати стратегӣ бо  Чин саъю  кӯшишҳои  зиёдеро ба  харҷ  дода  ва  ба мунтазам ғанӣ  гардидан ва рушду  густариш  ёфтани  онҳо ҳиссаи  худро  мегузорем.

Эъломияи  ба  қарибӣ имзокардаи  мо  дар  бораи густариши  муносибатҳои  мушорикати   стратегӣ  ва  Барномаи   қабулшудаи  ҳамкорӣ то  соли  ду  ҳазору бистум  аз  ин  шаҳодат  медиҳад. Мо тайёрем, ки  муколамаи  доимию эътимодомези сиёсиро  ба  манзури  рушду  такмили  муносибатҳои  байни  ду  кишвар  дар  ҳамаи   бахшҳое, ки  диққати  тарафайнро ба  худ  ҷалб  мекунанд,  минбаъд  ҳам  вусъат  бахшем.

Саҳми  бебаҳои  Шуморо ба  рушди  муносибатҳои  Тоҷикистону  Чин  бо ҳисси  миннатдории   самимона қайд  менамоям. Ба  туфайли   саъю  кӯшишҳои  Шумо вақтҳои  охир  муносибатҳои  мо   аз  бисёр  ҷиҳат  қувваи  назаррас  ба  даст  оварданд, ки  ин  ба пурратар  дарёфт  намудани  неруи  ҳамкории  судманди  миёни  ду  кишвар  мусоидат  намуд. Аминам, ки  татбиқи  амалии  ҳуҷҷатҳои  имзошуда  дар  ҷараёни  ташрифи  давлатии  ба  қарибӣ   суратгирифтаи  Шумо  ба  Тоҷикистон  ва  оғози  татбиқи  лоиҳаҳои   калонҳаҷме, ки  дар  бахшҳои  мухталифи  иқтисодиёти  Тоҷикистон амалӣ  мешаванд,  ба ҳамкории самарабахши  ду  кишвар қувваи  бузург  бахшида ва сатҳи ҳамкориамонро  ба қуллаҳои  нав  мебардоранд, ки  ба  имконоти  ғанитарини  муносибатҳои  дуҷонибаамон  мувофиқанд.

Мехоҳам  ҳамкории  судманди Тоҷикистону  Чинро  дар  ҳошияи  СҲШ, ки  Чин  ҳам дар  он ҷонибдори  фаъоли  ҳамгироӣ ва рушди ҳамаҷонибаи   муносибатҳои  байни  давлатҳои  аъзо  аст, бо  камоли  қаноатмандӣ  иброз  дорам.

Аз ин  имконият истифода бурда,  мехоҳам  бори дигар  қайд  намоям, ки Тоҷикистон  нияти қатъӣ  дорад, ки  бахшҳои  ҳамкориро  бо Ҷумҳурии   Мардумии  Чин, ки ҷавобгӯи манофеи  асосии  ҳар  ду  давлату халқҳо  ва ҳифзи  амнияту   суботи  минтақа  аст, рушду  густариш  бахшад.

Иҷозат  фармоед дар  ин  рӯзҳои фараҳбахш  ба  Шумо,  муҳтарам  ҷаноби  Раис,  тансиҳатии  бардавом, саодат ва дар  ҳамаи  ибтикоротатон  баҳри  шукуфоии Чини  бузург  муваффақиятҳо ва  ба  халқи  дӯсти он  сулҳу  беҳбудӣ ва  шукуфоиро орзу  намоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520