Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук

03.10.2014 09:21, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шумо ва мардуми дӯсти Германияро бо фарорасии ҷашни миллӣ –солгарди Рӯзи Ваҳдати Германия аз номи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ сидқан табрик ва таҳният мегӯям.

Боиси хушнудист, ки бар асари саъю талош ва кӯшишҳои созандаи ҳар ду ҷониб равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Олмон сатҳи баланд ва сифатан навро касб намудааст.

Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Германия аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард. Мо аз ҷониби худ барои амалӣ гаштани ин ормонҳо ва тақвият бахшидани равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳамаи талошҳои созандаро истифода хоҳем кард.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент, сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Олмон саодат ва дастовардҳои ҷадид орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520