Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ирсол ва воридшавии номаҳои табрикӣ ба муносибати иди Қурбон

04.10.2014 11:53, шаҳри Душанбе

Дар иртибот бо фарорасии иди мусулмонони тамоми ҷаҳон – Иди Саиди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои олами Ислом, аз ҷумла кишварҳои Шарқи Наздик, Халиҷи Форс, Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо паёми табрикӣ ирсол намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба мардуми ин кишварҳои ҳамдину дӯсту бародар сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд.

Дар арафаи ин иди мубораки Қурбон аз номи роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ва дигар давлатҳо ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номаҳои шодбошӣ расиданд. Дар ин паёмҳо ба мардуми Тоҷикистон ва Сарвари он орзуи пирӯзиву муваффақият, ва хушрӯзиву саодат иброз шудааст.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат идома дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520