Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ноҳияи Қумсангир

06.10.2014 12:55, ноҳияи Ҷайҳун

Аз ноҳияи Панҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қумсангир ташриф овард.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Қумсангир бо шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии барномаи маҳаллии азхуднамоии заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, дар ноҳияи Қумсангир дар ҳамкорӣ бо ҶДММ Иттиҳоди аграрии Водии Заррин дар доираи татбиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 барномаи маҳаллӣ барои солҳои 2014 ва 2015 таҳия ва қабул шудааст. Тибқи барномаи маҳаллӣ дар солҳои номбурда дар ноҳияи Қумсангир 6500 га замин обёрӣ мешаванд ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Барои амалӣ намудани ин тадбир ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 80 адад техникаю механизмҳои пуриқтидори заминсозӣ, оббарорӣ ва кишоварзӣ аллакай ворид карда шудааст. Яке аз онҳо трактори пуриқтидори Ню Ҳолланд аст, ки дар як рӯз то 30 га заминро метавонад шудгор кунад.

Ин кор дар мавзеъҳои Қародуми 1, Панҷи Поён, Шӯркул ва ғайра анҷом дода мешавад. Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар барои кор ва зисти доимӣ ҷалб мешаванд. Мардуми аз дигар минтақаҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бепардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия барои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ намунаҳои маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла аз мардуми муҳоҷири аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин ҷо кӯчбаста ва маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд.

Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қумсангир бештар ба кишти пиёз машғул буда, бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ин ноҳия дар майдони 1181 га пиёз кишт намуда, то ҳол 47 ҳазору 240 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 400 сентнерӣ рост меояд. Қисми зиёди ҳосили пиёз ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.

Дар баробари ин деҳқонони ин ноҳия дар парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка ва ҳам полезиҳо ба мисли каду, тарбузу харбӯзаи тобистонаю зимистона, инчунин картошкаю сабзӣ ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд. Занбӯрпарварон ҳам дар ин ноҳия азм доранд, ки дар истеҳсоли асал аз дигар ноҳияҳои дар ин самт пешқадам қафо намонанд.

Ба иттилои масъулини соҳа, имрӯз дар ноҳияи Қумсангир 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Онҳо дар майдони қариб 3,5 ҳазор га кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Дар 168 гектари он кишти дубораи сабзӣ анҷом дода шудааст, ки ҳосили фаровон дорад.

Кишоварзони ноҳияи Қумсангир аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми худро боз ҳам бештар хоҳанд кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Қумсангир мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи ин ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520