Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз фермаи инноватсионии зотпарварӣ ва ба кор даровардани коргоҳи коркарди шири ҶДММ Саодат дар ноҳияи Хуросон

08.10.2014 09:47, ноҳияи Хуросон

Дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии Саодат дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.

Зимни боздид, аз ҷумла аён гардид, ки дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳоло дар ин ферма 332 сар чорвои хушзоти Сементал, ки зоти гӯштию ширӣ ба шумор меравад, парвариш меёбад. Аз ин шумора 120 сар модаговҳои ҷӯшо ва 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда мебошанд.

Барои ҳамаи намуди чорво, модаговҳои ҷӯшо, гусола ва ғуноҷину буқачаҳо вобаста ба синну сол ва талаботи нигоҳубини онҳо ҷойҳои алоҳида бо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамаи салонҳои нигоҳдории чорво дорои таҷҳизоти гармидиҳию салқинсозӣ мебошанд, ки тавассути онҳо барои чорво дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавои муътадил таъмин мегардад. Гузашта аз ин, чорвои калони зоти сементол ба иқлими Тоҷикистон, аз ҷумлаи гармии тобистон мутобиқ аст.

Шири говҳои ин ферма бо дастгоҳҳои автоматии бо компютер идорашаванда ҷӯшида мешавад. Дар як баст дар як салон 32 модагов ҷӯшида мешавад. Ҳар як модагови ин ферма дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Аз модаговҳои аз ҳама сермаҳсули ин ферма дар як шабонарӯз то 57 литр шир ҷӯшида мешавад. Ҳамарӯза дар ин ферма қариб 3,5 тонна шири хушсифат истеҳсол мешавад.

Дар ин ферма 50 сар буқачаҳои наслдиҳанда барои фурӯш омода аст. Ин буқачаҳо аз ҷониби хоҷагиҳои дигари чорводорӣ ва ҳам аҳолӣ барои хушзот кардани чорво харидорӣ карда мешавад.

Дар назди ферма коргоҳи коркарди шир сохта шудааст, ки дар он дар як шабонарӯз то 1,5 тонна шир коркард шуда, аз он маҳсулоти гуногуни хушсифати ширӣ  истеҳсол мешавад.

Дар ҳамин ҷо ҳамарӯза ҳамчунин шир аз аҳолӣ қабул карда шуда, пеш аз коркард дар озмоишгоҳ сифати он санҷида мешавад. Қисми зиёди шири ин ферма ва шири аз аҳолӣ харидоришударо барои коркард ба корхонаи коркарди шири Саодати шаҳри Душанбе мефурӯшанд.

Дар корхонаи омодасозии хӯроки омехтаи чорвои ин ферма ҳар рӯз 10 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Фермаи мазкур ҳамчунин дорои таҷҳизоти инноватсионии обсофкунӣ ва коркарди пору мебошад. Тавассути дастгоҳи коркарди пору дар ин ҷо истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, зеро тамоми маҳсулоти чорво аз гӯшту шир то пору ҳама мавриди коркард ва истифодаи босамар қарор мегирад.

Дар хоҷагии зотпарварии Саодати ноҳияи Хуросон беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1300 сомонӣ таъмин шудаанд.

Хоҷагӣ ҳамчунин 305 га замини корам барои истеҳсоли хӯроки чорво дар ихтиёр дорад, ки заминаи хуби истеҳсоли ашёи хом мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520