Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World

16.10.2014 17:28, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод.

Таваҷҷуҳи зиёд ба дастовардҳои фарҳанги сулҳсозии тоҷикон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартарафсозии мушкилоти асосии кишвар, аз ҷумла мушкилу монеаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамчунин нақши намоёни Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа зоҳир карда шуд.

Тавре зикр гардид, United World агентии иттилоотии мустақили байналмилалӣ буда, дорои нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст. Сомонаи интернетии unitedworld-usa.com беш аз 40 миллион хонандаи сабтиномшуда дар тамоми ҷаҳон дорад. Тибқи иттилои ин хабарнигорон, Агентии United World аз соли 1991 ба ин сӯй бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дошта, расонаи иттилоотии муътабару муътамад ба шумор меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520