Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ

27.10.2014 15:14, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки исломии рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки исломии рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайри инҳо таъйид намуд.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520