Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал

27.10.2014 16:14, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал доираи васеи масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон, ки метавонад иқтидори транзитии ҳарду кишварро ба маротиб афзун намояд, зоҳир гардид. Аз ҷумла масоили вобаста ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои хатти барқии CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти тиҷоратию транзитии минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520