Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов

27.10.2014 16:42, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулович,

Аз самими қалб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми туркманро бо солгарди иди миллии Туркманистон табрик мекунам.

Дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду нисбат ба он аҳамияти самимӣ, дӯстона ва пурмазмун зоҳир менамоянд. Ҳамкорӣ бо Туркманистон имрӯз дар стратегияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон бо шарофати кӯшишҳои муштараки мо имрӯз бо рушди муназзам чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба тавсиф мегарданд. Барои афзун кардани ҳамкориҳо аз рӯи тамоми самтҳо заминаи ҳуқуқии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Мутмаинам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ин имкониятҳои пуриқтидорро пурра татбиқ менамоем ва ба ҳадафҳои мусбати гузошташуда ба манфиати ояндаи босубот ва дурахшони кишварҳоямон ва дар маҷмӯъ, дар минтақа шарафёб хоҳем гашт. Шуморо ба он бовар мекунонам, ки мо аз ҷониби худ тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона месозем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба манфиати мардумонамон мо рушду таҳким ёбанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулович, тансиҳатии комил, саодат ва комёбиҳо дар корҳоятон, ба мардуми бародари туркман -сулҳ ва бурдбориро таманно намоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520