Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

29.10.2014 15:58, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати фарорасии иди миллии Ҷумҳурии Чехия қабул фармоед.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафт ва шукуфоии кишвари дӯсти Чехия ва ҷонибдори рушди рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ ва мутақобилан судманд бо кишвари Шумо мебошад.

Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд. Итминон дорем, ки сафари қарибулвуқуъи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони тозае хоҳад бахшид.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чехия пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520