Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Дилма Вана Руссеф

29.10.2014 16:05, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Дилма Вана Руссеф барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯз шуданатон дар интихоботи президентии кишваратон ва муҷаддадан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия интихоб гардиданатон сидқан табрику таҳният намоям.

Умедворам, ки дар давраи нави раҳбарии Шумо бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар ин мақоми волои сарварӣ комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Бразилия орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520