ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии
Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ
озод намудани Юлдошев А.Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Юлдошев Абдулло Қурбонмаматович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 ноябри соли 2014
№284