Дар вохӯрӣ бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) Луо Тао масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.
Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, ки беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ин ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.
Роҳбарияти ширкат тасмим дорад, ки ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо иштирок намояд.