Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

10.11.2014 12:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистотн Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои наву замонавии бисёрошёнаи хонаҳои истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Дар рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷониби Сарвари давлат ба 50 хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.

Соли ҷорӣ қариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

Бинои хонаҳои истиқоматӣ 9-ошёна буда, дорои 50 манзили алоҳидаи зист аст, ки аз як, ду ва 3 ҳуҷрагӣ иборат мебошанд. Тибқи иттилоъ бинои мазкур бо харҷи беш аз 12 миллиону 80 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.

Масоҳати умумии манзилҳои зист 3 ҳазору 550 метри квадратиро дарбар мегирад.

Сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011-ум дар масоҳати умумии 486 метри квадрати оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо шакл ва сифати баланд ба истифода дода шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзе ҳамзамон майдончаи кудакона ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ, шурӯъ аз аввали соли 2015-ум дар ин мавзеъ ҳамзамон корҳои сохтмонӣ барои бунёди боз 3 бинои дигари истиқоматии аз 12 то 16-ошёна ва боғчаи кудакон дар назар дошта шудааст.

Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон мароқ зоҳир намуда, бо соҳибони манзил, ки хизматчиёни собиқадор ва эҳтиёҷманд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, суҳбати самимӣ намуд.

Аснои шиносоӣ бо шароит ва имконоти хонаҳо, ки дар он тамоми лавозимоти зист муҳайё карда шудааст, соҳибманзилон нисбат ба сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дар самти дастгирӣ ва беҳдошти шароити шаҳрвандонӣ кишвар бо фараҳмандӣ арзи сипос намуданд.

Ин бинои хонаҳои истиқоматӣ бо назардошти талаботи муосири комуналӣ бо системаи гармидиҳӣ ва оби гарм сохта шудааст, ки аллакай ба шабакаҳои хизматрасонии Маркази нави барқу гармидихӣӣ Душанбе-2 пайваст карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520