Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

25.11.2014 15:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», “Дар бораи амнияти озуқаворӣ”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо», “Дар бораи гаравхона” ва “Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа” ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин самт равона карда шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар, мусоидат ба дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо равона гардида, ҳамзамон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавононро пешбинӣ менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520