Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия

26.11.2014 16:10, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд.

Дар ин анҷуман наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.

 Дар оғози чорабинӣ Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, изҳори бовар намуд, ки ин нишаст натиҷаҳои судманд хоҳад дошт.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ  корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар  шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Президенти Чехия Милош Земан сухан ронда, аз пазироии самимии Тоҷикистон арзи сипос кард ва ҳам бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи мавҷуда соҳибкорони ду кишварро ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд ташвиқ намуд.

Кори анҷуман бо суханронии дигар масъулини ду ҷониб ва бо нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат идома ёфт. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех ҳосил шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520