Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

23.12.2014 16:43, Русия

Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари аъзо бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин созмонро ба уҳда мегирад. Ҳамин тариқ, то охири соли 2015 дар ҳамаи мақомоти ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард.

Дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД беш аз 20 масъала баррасӣ шуд. Масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кумак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки солҳои охир хатари он ба минтақаи масъулияти СААД, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ хеле афзудааст, зоҳир карда шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи ояндаи сарони давлатњои-аъзои СААД моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои СААД-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли созмони мазкур Николай Бордюжа зимни нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ карданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Бо додани баҳои баланд ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон изҳори бовар карда шуд, ки дар ҷараёни як соли раёсати Тоҷикистон ҳам барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ корҳои назаррасу муассир анҷом хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520