Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

21.01.2015 11:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Тавре зикр гардид, Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд.

Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520