Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

23.01.2015 09:56, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли андӯҳу ғам хабари вафоти марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро дарёфт намудем. Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеъи қотеъ дошт.

Мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520