Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ирсоли Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт

23.01.2015 10:12, шаҳри Душанбе

Ирсоли Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни ироаи паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян менамояд.

Ирсоли Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум сурат мегирад.

Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Сомон, ки дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад, ташриф оварданд.

Дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони масъул ҷамъ омадаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520