Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.01.2015 11:28, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд.

Нақшаи мазкур аз 74 банд иборат буда, дар он, аз ҷумла, доир ба таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои идоравӣ барои омӯзиш ва иҷрои нишондодҳои Паём, Соли оила эълон намудани соли 2015, таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва чорабиниҳои зиёд барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии беш аз 200 000 ҷойҳои нави корӣ дар соли равон пешбинӣ шудаанд.

Сипас Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин санаи фархундаи таърихӣ, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд.

Таъкид гардид, ки 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.

Роҳбарияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҷойҳои кориро вусъат бахшида, рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намоянд.

Як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар дар назар аст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Доир ба як қатор масъалаҳои дигар низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520