Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 22- юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

22.02.2015 11:51, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 22-юм аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, афсарону донишҷӯёни низомӣ ва дигар ходимони ин соҳаҳо дар Кохи Ваҳдати пойтахт ҷараён гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорону пайвандони ин соҳа ва кулли мардуми кишварро бо иди касбии муҳофизони далери Ватан табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ таманно намуд.

Чунонки таъкид гардид, тайи 22 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбаданд.

Хотирнишон гардид, ки дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, садҳо нафари онҳо ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд ва мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша гиромӣ медорем.

Аз солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр намуд, ки дар аввал мо ҳатто кадрҳои миллии афсарӣ ва ҳеҷ заминаи моддию техникӣ барои анҷом додани ин кори вазнин надоштем.

Аз ин хотир таъкид гардид, ки ҳоло дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва афсарони сершумори дорои тахассуси олӣ ва мутахассисони варзидаю корозмуда мебошанд. Тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои гузашта барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар беш аз 15 ҳазор афсарони касбии дорои тахассуси олӣ омода карда шуд ва наздики 2 ҳазор нафари дигар ҳоло таҳсили улуми ҳарбӣ мекунанд.

Чунонки зикр гардид, таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо озуқаю либосворӣ ва бо манзили зист таъмин кардани афсарон ҳам солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин мужда расонда шуд, ки ба наздикӣ сохтмони як шаҳраки низомӣ бо 1200 манзили зист барои афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз меёбад.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки дар даҳ соли охир ҳиссаҷудокунӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қариб 7 баробар ва андозаи музди ходимони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз 18 баробар афзоиш ёфтааст ва аз 1-уми сентябри соли 2015 боз ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва хатарҳое, ки ба кулли ҷаҳон ва минтақаи мо таҳдиди ҷиддӣ доранд, ёдовар шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои дахлдори кишварро ба тақвияти иродаи ҷавонмардӣ, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоянд.

Ба ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳӣ ҳамчунин тавсия дода шуд, ки ба зердастони худ, хусусан ба сарбозони ҷавон ғамхор бошанд, аз ҳолати рӯҳию ҷисмонии онҳо пайваста бохабар бошанд, то ки ба болоравии ҳисси садоқату самимияти онҳо ба халқу Ватан ва тақвияти матонату шуҷоати онҳо дар ҳифзи музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоянд.

Изҳори бовар карда шуд, ки афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520