Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг

04.03.2015 17:48, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай ЖАНГ-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои бӯҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст.

Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст. Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд.

Атрофи лоиҳаи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои солҳои 2016-2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва ба хусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520