Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд Умеш Кумар

18.03.2015 11:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 зоҳир шуд.

Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари америкоӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.

Интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи босамари Нақшаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки назаррас расонад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520