Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзи дар шаҳри Хуҷанд

21.03.2015 15:24, шаҳри Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯз боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар оғози боздид аз Хуҷандшаҳри бостонӣ дар маркази он бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва тавре аён мегардад, дар муддати кӯтоҳ ин боғ ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти саршор аз сахтиҳои ғарибии ин устоди шеъри ноби тоҷикӣ ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони аҳли адаби тоҷик пеш аз ҳама парда аз болои пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шуд, ки аз метали биринҷӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Даврон Раҳматов сохта ва атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ оро дода шудааст. Баландии ҳайкал 7 метр ва зерпояаш 4,5 метр мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ, ки бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падрӯд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро дар зодгоҳаш бунёд ёфтааст, мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ӯ аз шаҳри Табрези Эрон оварда шудааст.

Дар паҳлӯи оромгоҳ хонаи рамзии Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ дар масоҳати 6 садяк замини боғ бунёд ёфтааст, ки басо зебою диданӣ аст. Дар хонаи Камол чор хуми калон ҳаст, ки дар яке гандум, дар дигараш шолӣ, дар севумӣ равған ва дар ҷаҳорумин об гузошта мешавад, ки ин ба зарурати захира кардани озуқаворӣ ишорат мекунад ва ин анъанаи аз рӯзгори бостон то имрӯз расидаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст.

Дар манзили Камол шабакаи қадимаи обу ташноб ҳам мавҷуд аст, ки  нишона аз  фарҳанги баланди шаҳрдории мардуми тоҷик мебошад. Тавре маълум аст, ниёгони мо ҳанӯз дар асрҳои миёна ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ аҳмияти хоса зоҳир менамуданд.

Дар сохтмони хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ се гурӯҳ устоҳои ватанӣ, аз ҷумла кандакорони болои чӯбу гач, наққошону рассомон, бурёбофон ва дигар ҳунармандон давоми як сол кор кардаанд.

 Дар хонаи Камол ҳамчунин ҳунарҳои адрасбофию атласбофӣ, ки анъанаи қадимаи мардуми тоҷик аст, намоиш дода шуд.

Дар пушти хона чорбоғи Камол бунёд ёфтааст, ки яке аз унсурҳои асосии хонаҳои асримиёнагӣ ва ҳам муосири тоҷикон аст. Дар чорбоғи Камол дарахтони зардолу, бодом ангур ва анор шинонда шудааст.

Дар атрофи ҳавзи ҳавлӣ 40 бех дарахти сиёҳбед қомат афрохтааст, ки тибқи талаботи аз аҳди бостон расидаи тоҷикон барои аз намӣ ва шӯра эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳои атрофи ҳавз шинонда мешудааст.

Боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандиро ҳамчунин обшорон оро медиҳанд, ки ба дарозии 150 метр тул кашидаанд. Дар бунёди он сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашт овардашуда истифода шудааст.

Дар боғи Камоли Хуҷандӣ ҷӯйи Раззоқ сохта шудааст, ки сангҳои он аз дарёи Вахш оварда шуда, бозгӯй аз ваҳдати миллӣ ва дустию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон аст.

Бо ҳунари дастони устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон бо кандакорӣ ва нақшу нигори зебо оро ёфтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз маркази ҷумҳурӣ ва дигар вилоятҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф овардаанд, суханронӣ намуда, кулли онҳо ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тамоми мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи ҷаҳониро бо фаро расидани ин иди фархунда бори дигар табрику таҳният гуфт. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчунин барои ифтитоҳи боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандӣ бо иншооти навбунёдаш суханҳои шодбошӣ гуфта шуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба масъулин дастур дод, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд ва боғи Камоли Хуҷандиро оянда ба як осорхона дар зери осомони кушод бо растаҳои ҳунармандон табдил диҳанд ва таъкид дошт, ки ин кор боиси ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таҳти васоёи ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700 солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки Девони Камоли Хуҷандӣ дар нашриёти беҳтарини ватанӣ бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандагон гардонида шавад.

Ба Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ки ба тозагӣ таъсис дода шудааст ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ дастур дода шуд, ки корҳоро барои ҷамъоварӣ, омӯзиш ва табъу нашри дастхатҳои девони Камоли Хуҷандӣ вусъат диҳанд.

Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муасисаи давлатии маҷмаи таърихӣ- фарҳангии Қалъаи Хуҷанд таъсис дода мешавад, ки он аз осорхонаи кишваршиносӣ, қалъаи таърихӣ, хонаи Камол ва боғи Камол иборат хоҳад буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520