Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

23.03.2015 20:50, шаҳри Гулистон

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронӣ ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, омилҳои иқтисодию молиявӣ ва сиёсию фарҳангии беруна ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфии эҳсосшаванда дорад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар аз ҷумлаи роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёт номида шуд.

Зикр гардид, ки соли 2014 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти маҳаллии вилояти Суғд ба 11 миллиард сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли 2013 6,6% зиёд аст. Бо вуҷуди ин, соли 2014 саҳми вилояти Суғд дар рушди иқтисодии кишвар нисбат ба соли 2013 0,9% коҳиш ёфт. Таъкид гардид, ки ин тамоюли номатлуб набояд идома ёбад.

Нақшаи андоз дар вилояти Суғд дар 2 моҳи соли равон иҷро шуда бошад ҳам, иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ таъмин нагардидааст. Аз ҷумла 5 шаҳру ноҳияи вилоят аз уҳдаи ин кор набаромадаанд.

Соли 2014 дар вилояти Суғд 164 корхонаи нав бо 3 ҳазор ҷойи корӣ бунёд ёфта, шумораи умумии чунин корхонаҳо ба 566 адад расид. Дар маҷмӯъ соли гузашта дар ин вилоят 27 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё шудааст.

Дар 2 моҳи соли равон бошад ба ҳаҷми 603 миллион сомонӣ маҳсулоти саноат тавлид ёфтааст.

Дастур дода шуд, ки барои пурсамар истифода бурдани заминҳои кораму майдонҳои боғу токзор, аз худ намудани заминҳои нав ва бекормонда, афзоиш додани истеҳсолоти кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар тамоми имкону захираҳо бояд фаъол бошад.

Дар робита ба тадбирҳои роҳсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба раҳобахшии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва роҳҳои баҳрӣ нигаронда шудааст, иттилоъ дода шуд, ки ояндаи наздик бояд навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом-Исфара оғоз ёбад ва барои анҷом додани ин кор дарёфт ва ҷудо намудани беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ маблағ зарур аст. Бо қаноат тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои бунёдӣ чун саноат, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва ҳамчунин дар соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба масъулин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо, пешгирӣ аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва гароидани ҷавонону наврасони ноогоҳу гумроҳшуда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ дода шуд.

Супоришҳои мушаххас доир ба тарғибу ташвиқи фарҳанги волои оиладорӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун худкушӣ низ дода шуд.

Сипас раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба роҳҳои ба иҷро расондани супоришҳои Сарвари давлат ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузориш дода, ҳамчунин ба суолҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон посух дод.

Аз ҷумла итттилоъ дода шуд, ки имсол ва солҳои наздик дар вилояти Суғд тавассути таъсиси марказҳои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ, атласбофию адрасбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаҳо дар хонаҳои мардум садҳо ҳазор занону духтарон бо кор ва даромади хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва додани замин ба деҳқонони асил дар ин соҳа низ ҷойҳои корӣ ва ҳам истеҳсоли маҳсулоту иқтидори содиротӣ афзун карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои ворид намудани технологияҳои навтарини истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ ва ба ин восита афзун намудани самарабахшии истеҳсолот аз тамоми имконот истифода бурда шавад.

Аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо мардум наздик бошанд, арзу доди онҳоро шунаванд ва барои баровардани ниёзҳояшон чораҳо амалӣ созанд.

Дар машварати корӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронӣ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520