Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Шоҳи Испания Филиппи VI

25.03.2015 16:59, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Аълоҳазрат,

Бо андӯҳи бузург хабари суқути фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар ҷануби Фаронсаро, ки боиси марги теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари Шумо ва дигар мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.

Бо ибрози таъзия ва тасаллияти самимӣ ба Шумо ва мардуми дӯсти Испания, аз Аълоҳазрат хоҳишмандам, ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро қабул фармуда ба наздикони ҳалокшудагон бирасонанд”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520