Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.03.2015 12:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:

- Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун;
- Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
- Меҳринисо Бобобекова - раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ;
- Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинҳои якум ва муовинони роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.

Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд.

Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Тавре аён мегардад, аксари касони ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ба вазифаҳои нави пурмасъулият дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо таъингардида кадрҳои ҷавон ва кордону корозмуда мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаашон барору комёбӣ таманно намуда, ҳамзамон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520