Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

31.03.2015 10:09, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Волоҳазрат,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳҳатии комил ва дар амри идомаи раҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям.

Аз барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ва эҳёи пайвандҳои таърихии мардумонамон 20 сол сипарӣ шуд. Ин марҳалаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад. Ин амрест, ки азми мутақобилаи моро дар роҳи ниҳодани гомҳои устувор ҷиҳати тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар тамоми самтҳо инъикос намуда, ба нафъи муштараки мо хоҳад буд.

Лутфан эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520