Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич

01.04.2015 17:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ мешуморем ва ҳамкорӣ бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”. Ҳамчунин ба нақши САҲА дар пешгирӣ аз муноқишаҳо, ҳалли бӯҳронҳо ва барқарорсозии пасазмуноқишавӣ баҳои баланд дода шуд.

Аз ин хотир изҳори бовар карда шуд, ки дар пешгирӣ аз бӯҳронҳо ва бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нақши САҲА эҳсосшаванда хоҳад буд.

Ба масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520