Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

02.04.2015 10:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба иҷрои қарорҳои ҳамоишҳои қаблии сатҳи олӣ, ба мувофиқа расондани қарорҳои нав, ки дар ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳо бояд қабул шаванд ва афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баррасӣ шуд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “кишварҳои аъзои СААД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд”.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ҷумла иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД доир ба ин масъала, ки моҳи сентябри соли 2013 қабул шуда буд ва ҳамчунин мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ зоҳир гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СААД дар роҳи муборизаи муштарак бо таҳдидҳои афзояндаи ин хатарҳо ва нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа муассиру судбахш хоҳад буд.

Хотиррасон бояд намуд, имсол раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро Тоҷикистон бар душ дорад ва ҳамоишҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии мақомоти кишвари мо ҷараён мегиранд.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520