Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян

20.04.2015 13:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд.

Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дода, аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.

Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин зарур шумурда шуд, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78%-ро ташкил медиҳад.

Ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст.

Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулма ба миён гузошта шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илму фарҳанг сурат гирифт.





 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520