Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

22.04.2015 12:09, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайтаи шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда барои пурзур намудани мубориза бо ин вабои аср супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба пурзур намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст дода шуд.

Ба муборизаи беамон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520