Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара

24.04.2015 10:58, ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии Муҳсинҷон, ки яке аз хоҷагиҳои намунавии кишоварзии ноҳия ба шумор меравад, дидан карда, бо таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.

Чунонки роҳбари он Валиҷон Раҳимов иттилоъ дод, хоҷагӣ дорои 230 га замин, аз ҷумла 196 га замини обӣ буда, аъзояш дар пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва ҳам парвариши сабзавоту полезӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд. Ба парвариши сабзавоту полезии барвақтии онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, зеро ин кор дар ноҳияи Данғара таҷрибаи нисбатан нав аст. Бо вуҷуди ин, деҳқонони хоҷагии Муҳсинҷон азм доранд, ки натанҳо дар таъмини фаровонии ноҳия, балки маркази ҷумҳурӣ низ саҳмгузор бошанд. Онҳо дар 1,5 га картошка ва 5 га пиёзи барвақтӣ ва дар 11 га полезӣ ё худ тарбузу харбузаро аввал дар зери пленка кишт кардаанд, то ки ҳарчи зудтар ҳосили онро ба даст оранд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар 80 га пахта ва 80 гектари дигар ғалладона кишт кардаанд ва тасмим доранд, ки пас аз дарави ғаллаи обӣ, ки ҳосили интизорияш ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ аз ҳар гектарро ташкил хоҳад дод,  дар ҳамаи ин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монанд, то ки ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода шавад. Дар 50 га ғаллаи навъи элита кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.

Онҳо ҳамчунин бо олимони Академияи кишоварзии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, аз ҷумла 10 намуд гандум, 4 навъи пиёз ва 17 намуди картошкаро ба таври таҷрибавӣ кишт намудаанд, то муайян намоянд, ки кадом навъҳо ба ин мавзеъ бештар мутобиқанд.

Дар намоишгоҳи саҳроии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки  кишоварзони вилояти Хатлон афзун гардидани талабот ба сабзавоти барвақтиро дар дохил ва хориҷи кишвар ба назар гирифта, майдони кишти чунин сабзавот ва шумораи гармхонаҳоро ба маротиб зиёд намудаанд. Танҳо майдони пиёзи барвақтиӣ дар соли равон нисбат ба соли 2014 1700 га зиёд карда шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520