ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Раиси
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Азиззода З.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Азиззода Зафар Нусрат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 майи соли 2015
№485