Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Танатанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 дар Наврӯзгоҳи Душанбе

25.03.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Танатанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид.

Ба муносибати ҷашни 3-юми Наврӯзи ҷаҳонӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то ба даромадгоҳи Наврӯзгоҳ бо намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони офтобӣ оро ёфтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Эрону Покистон – Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзони кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфтаанд, дидан карда, базму тараби идонаро бо аҳли завқу эҷод бо ҳам диданд.

Барномаи идонаи ҷашни 3-юми байналмилалии Наврӯз-2012 дар майдони фарохи дохили Наврӯзгоҳи пойтахт бо ворид шудани сарони давлатҳои мазкур ва меҳмонони дигари воломақом оғоз ёфт.

Бори нахуст дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гаштааст, Наврӯзи хуҷастаи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шӯҳратманди ниёгон истиқбол гирифта шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон ва дигар ҳунармандони хушсалиқаи кишвар зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз – тахти Ҷамшедро гирифтааст.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520