Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат

26.05.2015 15:09, шаҳри Ваҳдат

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод.

Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат роҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва воҳидҳои низомӣ ва ҳамчунин роҳбарияти шаҳри Ваҳдат истиқбол гирифтанд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ барои ҷузъутомҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ басо муҳим аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, зеро 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии кӯҳии ҷузъутомҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад”.

Зимни шиносоӣ бо ин қароргоҳи кӯҳистонӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои танбатан бо усулҳои гуногун, бозиҳои мухталифи варзишӣ ва ҳам тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст.

Шароити зарурӣ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ муҳайё аст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин ташкил ва гузаронда мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо барои ба роҳ мондани чунин машқҳои васеъмиқёс ҳама омодагиҳо дида шудааст. Гузашта аз ин, худи ин мавзеъ барои ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии кӯҳӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузарондани низомиён басо мувофиқу тавъам аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъутомҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

Ба масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҷойҳои холӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, дар барқарорсозии ҷангалзор ҳам дар ин мавзеъи зебои баландкӯҳ саҳмгузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520