Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Полша Андҷей Себастян Дуд

27.05.2015 11:19, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Полша Андҷей Себастян Дуд барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб шудани Шумо ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Полша қабул намоед.

Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо кишвари Шумо, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобиларо фаро мегирад, баҳои баланд дода ва барои густариши ҳамкориҳои босуръат ҳавасманд аст. Мо бо қатъият минбаъд низ ҳамкориҳоямонро ба хотири мақсадҳои олии сулҳ, устуворӣ ва тараққиёт тахким мебахшем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, Ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар мақоми масъул- Президенти Ҷумҳурии Полша муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу рифоҳат таманно дорам».
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520