Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

17.06.2015 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Моҳи мубораки Рамазонро, ки фардо фаро мерасад, ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодати рӯзгор ва суботу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират, файзу баракат мебошад, инсонро ба сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, эҳсону мурувват, қаноату умедворӣ даъват намуда, дари раҳмати Худовандро барояш кушода мегардонад, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва замирашро пок месозад.

Сифатҳои ҳамидаи моҳи мубораки Рамазон дар оятҳои Қуръони карим борҳо дарҷ гардидаанд. Каломи осмонии Худованди мутаол гиромӣ доштани ин моҳи муборакро таъкид сохта, дар баробари ин, имтиёз ва сабукиҳоеро барои ҳар як мусулмон муқаррар кардааст, ки вай метавонад аз онҳо истифода барад.

Аз ҷумла дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст, ки «…Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…».

Бинобар ин, шахсоне, ки сабабҳои узрнок доранд, ҳамчунин афроди мусофир, беморон, дардмандон ё аз ҳад зиёд барҷомондагон метавонанд дар ин моҳ рӯза нагиранд ва вақте ба Ватан бармегарданд ё пурра шифо меёбанд, мувофиқ ба фаслу замон ин фаризаро иҷро намоянд ва қалби хешро пок созанд.

Имсол, ки моҳи Рамазон дар миёни фасли тобистон насиби мусулмонон мегардад, шояд барои иддае аз калонсолон, барҷомондагон, беморон ва шахсоне, ки корҳои вазнинро иҷро менамоянд, душвориҳо оварад.

Бо дарназардошти ин, Шӯрои уламо метавонад, ки дар асоси талаботи фиқҳи ҳанафӣ ва сабукиҳои фармудаи Худованд дар ояти зикршуда фатво диҳад, то ба мардуми бемору мусофир, кишоварзону коргарон ва дигар шахсоне, ки дар гармиҳои вазнини тобистон корҳои сангинро ба анҷом мерасонанд, сабукӣ пайдо шавад.

Зеро имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил аст. Агар ҳосили бо заҳмат парваришшуда, ки ризқу рӯзии мардуми кишоварз мебошад, дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, ин амал боиси ба сахтӣ дучор омадани рӯзгори мардум мегардад.

Дигар сифату фазилати моҳи шарифи Рамазон аз он иборат аст, ки дар ин моҳи муборак дар баробари тоату ибодат ба ҷо овардани корҳои хайр, хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва кинаву адоватро аз худ дур кардан савоби бештар дорад ва хушбахтона, ин амалҳои солеҳ имрӯз ба як ҷузъи фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.

Мардуми мо барои амалӣ намудани ин суннати моҳи муборак ҳамеша кӯшиш намуда, барои оромии рӯҳу равони хеш хайру саховатро зиёдтар мекунанд, таҳаммулро пеша карда, аз гуноҳҳои ҳамдигар мегузаранд ва сулҳу салоҳро авло дониста, ба ниёзмандону камбизоатҳо, ятимону маъюбон, барҷомондагон ва бечорагону фақирон дасти хайру эҳсон дароз менамоянд.

Умуман, ҳар як инсони дорандаву саховатпеша бояд ба қадри имкон хайрро пеша намояд ва албатта, дар назар дошта бошад, ки дар ин роҳ ба хонавода ва оилаи хеш зиён наоварад.

Бояд гуфт, ки ин моҳи муборак фоидаи зиёди маънавӣ ва иҷтимоӣ дошта, инсонро босабру пуртоқат мегардонад, ба инсон хештандорӣ меомӯзад, назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусулмон тақвият мебахшад.

Дар баробари ин, дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон бедор карда, дар ботини шахс эҳсоси масъулиятро зиёдтар мегардонад ва дар миёни мардум шарру фасодро коҳиш медиҳад.

Хусусан, вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти Ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем.

Бо истифода аз фурсат, аз ҳар як фарди мусулмони кишвар даъват менамоям, ки ҷавонон ва фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, хешро қурбони манфиату дасисаи қудратхоҳону бегонагон созанд.

Дар ин моҳ панду насиҳат гуфтан ва ахлоқи ҳамидаро омӯзонидан миёни мусулмонон бузургтарин амали солеҳ мебошад. Вобаста ба ин, шахсони калонсолу рӯзгордида, падару модарон, аҳли зиё ва ходимони дин ҳар як суҳбати моҳи Рамазонро барои ба фарзандону наберагон, ҳамсояву хешу таборон роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонидан, онҳоро ба ватандӯстиву худшиносӣ ва эҳтироми калонсолон даъват кардан истифода баранд, расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, фарқи байни неку бад, хайру шарр ва ҳаққу ноҳақро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд, онҳоро ба роҳи рост ва зиндагии босаодат раҳнамоӣ кунанд.

Дар ин моҳи шариф арзон кардани маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи сокинони кишвар низ аз амалҳои савоб ба ҳисоб рафта, дар дини мубини ислом мавриди таъкиди зиёд қарор гирифтааст.

Қисми зиёди соҳибкорон, тоҷирон ва саховатпешагони кишвар дар ин моҳ молу маҳсулоти худро ба бародарони муъминашон арзон пешниҳод менамоянд ва аз ин роҳ барои худ савоб меҷӯянд, ки ин амали нек низ солҳои охир дар байни мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳар як муъмини солеҳ хуб медонад, ки дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолат менамояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд фардо рӯзи қиёмат ҳатман ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирони кишварамон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар моҳи шарифи Рамазон аъмоли неку писандидаи худро густариш бахшида, бо саховату ҷавонмардӣ ба дигарон дарси ибрат медиҳад ва дар баробари ин, ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, осоишу оромӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва рушду пешрафти кишвар талош меварзад.

Бо ҳамдиливу ҳамбастагӣ зиндагӣ кардан ва аз ихтилофу парокандагӣ даст кашидан беҳтарин хислати мардуми мо мебошад ва дар ин моҳ риоя кардану арҷ гузоштан ба ин суннати беҳтарини миллӣ бори дигар аз тавоноии халқи шарифамон дарак медиҳад.

Зеро дар фарҳанги миллӣ ва таълимоти дини мубини ислом низ маҳз дӯстиву муҳаббат ва ваҳдату таҳаммулгароӣ ниҳоди одамиро такмил дода, роҳи расидан ба камоли инсониро равшан мегардонад.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мусулмонони кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худои мутаол барояшон хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ ва имони комил металабам.

Бигзор моҳи мубораки Рамазон барои мардуми мусулмони мамлакати азизамон айёми тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат гардад!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520