Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

17.06.2015 18:25, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо эҳсоси андӯҳи бузург хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирелро дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат буд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод. Маҳз дар замони раҳбарии марҳум ва ба шарофати ӯ асосҳо ва таҳкурсии муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия поягузорӣ шуда буданд. Ва ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки Сулаймон Демирел, сарфи назар аз вазъи ноором ва вазнини кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият, яке аз аввалинҳо шуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд.

Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардӣ ва тасаллиёти амиқу самимии худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Туркия изҳор медорам.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520