Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

19.06.2015 11:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Нахуст шаш нафар кадрҳои ҷавону болаёқат ва дар айни замон соҳибтаҷрибаи соҳаи амнияти миллӣ ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар ин соҳа таъин гардиданд.

Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич аз вазифаи ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ озод ва ба вазифаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Азизмамад Душанбиевич муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангимурод Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холов Карим Иброҳимович Директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, Саидзода Нуралӣ Ғиёс муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Низом Юсуфӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизов Рустам Анварович муовини директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ”, Матробов Саодатшо Қосимович муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Қаландарбекова Назира Амирбековна, ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд.

Амирзода Дилафрӯз Субҳон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид.

Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд.

Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд.

Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид.

Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”, Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Ализода Абдурашид аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат дода шуданд.

Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин карда шуд.

Сангов Муродалӣ Маҳмадиевич ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардида, Сайдамир Ҷононов бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод карда шуд.

Гадоиён Шокирҷон Гадо директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор” таъин гардид.

Акрамзода Парвиз Акрам муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода, Холова Солеҳа Холмаҳмадовна ва Собиров Ғафурҷон Мирзоалиевич муовинони раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар ин соҳаҳо таъингардида, ки аксарият ҷавону корозмуда буда, дар вазифаҳои гуногун содиқона хизмат кардаанд, фаъолияти ин бахшҳо, хусусан кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520