Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмао

22.06.2015 11:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмаоро ба ҳузур пазируфт.

Аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ машҳури Чин, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноат карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, сохтмон ва ғайра сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои нишондодҳои тафоҳумнома оид ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан зоҳир гардид. Чунонки ёдоварӣ шуд, тибқи ин санад бояд аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухмии зироатҳо сохта шавад.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки як зумра корҳои муштарак, аз ҷумла кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аллакай иҷро шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхонаҳои саноатӣ низ бояд ҳарчи зудтар сохта ба кор дароварда шаванд.

Ҳамчунин доир ба ташкил ва густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими минбаъдаи дӯстию ҳамгироӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520