Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)

23.06.2015 17:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.

Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи “Барномаи шарикӣ барои сулҳ”ва “Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ” сурат мегирад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ доир ба мусоидат ба таҳкими сулҳу эътидол дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистон бо ин ҳамсоякишвар зоҳир гардид.

Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд”.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Шарқи Наздик ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ бо СААШ минбаъд ба хотири дастгирии бештари сохторҳои амниятию дифоии Тоҷикистон ва ба нафъи таҳкими амнияту субот дар минтақа боз ҳам густариш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520